Кафедраи физикаи ҳаста

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Кафедраи физикаи ҳаста с. 1960 таъсис ёфтааст. Нахуст мудири кафедра то с. 1964 дотсент Кашкарёв Л.Л. буд. Дар ин давра дар кафедра устодон Иваненко В.М., Рязанов Д.К. ва Ғафуров В.Ғ. ва проф. Чердинцев В.В. аз қисмҳои гуногуни физикаи атом ва ҳаста дарс мегуфтанд. Лабораторияҳои таълимӣ, практикуми махсус, кабинети лексионӣ аз физикаи атом ва ҳаста дар ҳамон давра ташкил ва таҷҳизонида шуданд. Солҳои 1964-1974 вазифаи мудирии кафедраро номзади илмҳои физика-математика Ғафуров В.Ғ. бар ӯҳда дошт.Дар ин давра барои тайёр кардани мутахасисони соҳавӣ бо ташабуси академикҳои АИ ИШ Флёров Г.Н. ва инчунин бо дастгирии президенти академияи улуми Тоҷикистон академик Умаров С.У. ва баъдтар, академик М.С. Осимӣ, декани факулта Ф. Ҳакимов, мудири кафедра Ғафуров В.Ғ. гурӯҳи донишҷӯён ва аспирантони лаёқатманд, аз ҷумла Январ Шукрии Самарқандӣ ба ш.Дубна АМТҲ (ОИЯИ), С.Қодирӣ, У.Орифходҷаев , С. Шухиев (ба аспирантураи МГУ ба номи Ламоносов) Қ. Шарифов,Ҳ. Нарзиев , Файз Нормуродов, В. Шариф-Зода, А. Саломов , Қ. Ҷанобилов барои коромӯзи ба шаҳрҳои Дубна, пажуҳишгоҳи «Измеран» ( назди ш. Москва, Обнинск), Ленинград ва дигар марказҳои илми тадқиқоти роҳхат гирифтанд. Дар тайёр кардани кадрҳои соҳавӣ олимони шинохтаи собиқ ИШ Г.Н. Флёров, И.М. Франк, Ф. Л. Шапиро, Ю. Ц. Оганесян, К.Д. Толстов, С. А. Карамян, Л.П. Старчик саҳм гузоштаанд. Солҳои 1974-1979 вазифаи мудири кафедраро дотсент А. А. Ястрибинский, 1979- 1982 Г. Г. Самойлов, 1982-1984 дотсент Қ. Шарипов, 1985-1991Н.Султонов, 1991-2004 А. Саломов, 2004-2005 Январ Шукрии Самарқандӣ , 2005-2010 профессор Ф. Нормуродов иҷро намудаанд. Аз соли 2011 инҷониб вазифаи мудири кафедраро профессор Махсудов Б.И. ба ӯҳда дорад. Фаъолияти кафедра баъди таъсисёбӣ се давраро дарбар мегирад: солҳои 1960-1970, солхои 1970-2011 ва аз соли 2011 то имрӯз. Давраи аввал омода кардани мутахассисони тахассуси соҳаи физикаи ҳаста , давраи дуюм тадриҷан пурқувват намудани заминаи моддӣ-техникӣ, илмӣ-омӯзгории он ва давраи сеюм давраи эхёи корхои илми- тадкикоти, тайёр намудани кадрхои зарури ва ба зинаи сифатан нав баровардани макоми кафедра дар рушти илми физикаи Точикистон. Дар кори ба миён овардани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии соҳавӣ ва корҳои лабораторӣ устодон Я. Ш. Самарқандӣ, С. Қодирӣ, Қ. Шарифов, Ҳ. Нарзиев, В. Ғафуров, А. Саломов О. Аббосов, Ф. Нормуродов ва Б,И.Махсудов саҳми зиёд доранд. Дар ин давра ба забони тоҷикӣ китоби «Бунёди физикаи ҳастаи атом»и С. Қодирӣ ва «Физикаи атом» , «Маҷмӯъи масъалаҳо аз физикаи атом», «Энергетикаи атоми», «Физикаи заррахо»-и Я. Ш. Самарқандӣ , «Гузариши зарраҳои бунёдӣ аз тариқи модда»-и Файзи Нормуродов ва А. Саломов ., «Асосҳои физикаи атому ядро ва дозасанҷӣ» Нарзиев А., Махсудов Б.И. «Лазерҳо.Лазерҳо дар тиб» Муллоев Н., Махсудов Б.И., «Экологияи радиатсионӣ ва дозасанҷӣ» Нарзиев Х., «Физикаи атом ва хаста» О. Аббосов, Я. Ш. Самарканди, Ҷ.А. Саломов. Корҳои лабораторӣ аз физикаи атом ва ҳаста-и С. Қодирӣ ва Я. Ш. Самарқандӣ, корҳои лабораторӣ аз физикаи атом ва ҳаста-и Ҳ. Нарзиев, корҳои лабораторӣ аз дозасанҷи ва нурҳои радиоактив-и Ҳ. Нарзиев, корҳои лабораторӣ аз физикаи ҳастаӣ О.Аббосов , Б.И. Махсудов, Я.Ш. Самарқандӣ, С. Шухиев С., Қурбонова Х. ва ғайра нашр шудаанд Дар тӯли хеш кафедра омӯзгорони баландихтисоси физикаи ҳаста докторони илм (В. Ғафуров,Ф. Нормуродов, Б.И. Махсудов, Т.А. Хоҷазода) ва номзадҳои илм (Я. Ш. Самарқандӣ С. Қодирӣ, У. Орифходҷаев, О. Аббосов, Қ, Шарифов, Ҳ. Нарзиев, С. Шухиев, В. Шариф-зода, А. Саломов, Қ. Ҷанобилов) тайёр кардааст. Бо қалами устодони кафедра садҳо мақолаҳои илмӣ, илмӣ -методӣ, фишурдаи маърузаҳо, китобҳои дарсӣ, васоитҳои таълимӣ, тавсия коркардҳои методӣ, монографияҳо, барномаҳои таълимӣ таълифу дастрас гаштаанд. Дар кафедра маҳфили илмии «Изотоп» ва мҳфили илмии инфиродии профессор Махсудов Б.И. «Адрон» амал менамояд. Имрӯз дар кафедра 6 нафар устодон О. Аббосов, Ҳ. Нарзиев, Махсудов Б.И., Хочаев Ю. П., ки дараҷа ва унвони илмӣ доранд ва ду нафар ассистент Камолиддинов Ф. ва Латипова С. ба фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ машғуланд. Аз соли 2014 сар карда бо ташаббуси кафедра ихтисоси «Радиоэкология» кушода шуд, ки муҳандисони соҳаи амнияти радиатсионии инсон ва муҳити зистро тайёр менамояд. Холо кафедра бо марказхои илмии бисьёр давлатҳо ҳамкории илми дорад. Масалан ДДМ ба номи М. В. Ломоносов, Пажуишгохи физикаи ба номи П.Н.Лебедев, Донишгоҳи миллии пажуҳишҳои ҳастаи (МИФИ), ПБТХ ш. Дубна(Россия), ДДБ (Белорус). Дар солхои охир як гурух донишчуёни кафедра барои ичрои рисолахои дипломи ба марказҳои илмии хориҷи кишвар равона шуданд (Камолиддинов Ф., Латипова С., Сафаров С., Қурбониён М.С.,Рахмонов Х., Меликхуҷа Наврӯз, Файзуллоев И.Ҳ. ). Камолиддинов Ф. ва Латипова С. дар аспирантураи ДДМ ба номи М.В.Ломоносов ва Сафаров С. дар магистратураи ДДБ (ш.Минск) таҳсил намудаанд.

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ

Самтҳои асосии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ:

-ҳамтаъсироти афканишоти ҳастаи бо модда;

-таъсири сели ками нейтронҳои ҳароратӣ ба хосиятҳои муҳитҳои гуногун;

-нурҳои кайҳонӣ;

-истифодаи усулҳои таҳлили физикаи ҳастаӣ дар геология ва тибб;

-таҳқиқи хосиятҳои гармофизикии лазерҳои инжексионии гетеронаносохторӣ.

Фаъолияти омӯзгорӣ

Кафедра тахассусӣ буда мутахассисони ихтисосҳои – «физика» ва «радиоэкология»-ро омода месозад. Дараҷаи тахассуси хатмкунандагон – бакалавр -, магистр – . Омӯзиши донишҷӯён аз рӯи самтҳои физикаи ҳастаи атом ва бехатарии радиатсионӣ аз рӯи принсипи мутобиқсозии лаҳзавии зарурати амалӣ ба ин мутахассисон сохта шуда аст. Пеш аз ҳама дар назар аст соҳаҳои физикаи ҳастаи амалӣ, ки бороҳи ҷори намудани фанҳои нав ба даст меояд. Соҳибкасб шудани донишҷӯён аз рӯи фанҳои умумикасбӣ ва тахассусӣ аз ҳисоби омӯзиши фанҳои зерин ба даст меояд.

Бакалавриат (шӯъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ)

Фанҳои умумикасбӣ:

1. Физикаи атом

2. Физикаи ҳаста

3. Асосҳои физикаи атом ва ҳаста

4. Амнияти радиатсионии инсон ва муҳити зиси.

Фанҳои тахассусӣ:

5. Коркарди компутории натиҷаҳои таҷриба дар физикаи ҳаста

6. Физикаи нейтрон

7. Электроникаи ҳастаи

8. Спектрометрияи ҳастаи

9. Дозиметрия

10. Зарраҳои бунёдӣ

11. Назарияи ҳаста

12. Тибби ҳастаи

13. Ҳамтаъсироти афканишот бо модда

14. Нурҳои кайҳонӣ.

Магистратура (шӯъбаи рӯзона) самти 1- 31040101 «Физика»

1.Симметрии и қонунҳои бақо

2.Физикаи микроолам

3.Амсиласозии ҳисобгиракҳои зарраҳои бунёди.

Лабораторияҳо

Дар назди кафедра лабораторияҳои таълимии зерин амал менамояд (мудири лабораторияҳо – Курбанова Х.У.);

-физикаи ҳаста

-физикаи ҳаста

-спектрометрияи ҳастаи

-дозиметрия

-физикаи нейтрон

-амнияти радиатсионӣь.

Докторантура ва доктор PDh

Дар кафедра аз рӯи ихтисосҳои 01 04 07 –Физикаи ҳолатҳои конденсӣ, 6D 060400-Физика ва 6D 060500-Физикаи ҳаста мутахасисонӣ илмӣ омода карда мешаванд. Корҳои иҷрошуда дар кафедра оиди омодасозии мутахассисонӣ илмию омӯзгорӣ таи солҳои охир:

1.Ҳимояи рисолаи докторӣ аз ҷониби Махсудова Б.И. дар мавзӯи: «Хосиятҳои мавҷбарӣ, ҳароратӣ ва деградатсионии лазерҳои инжексионӣ дар асоси гетеросохторҳо А3В5» 16 октябряи2015с. Аз рӯи ихтисоси 01.04.07 – физикаи ҳолатҳои конденсӣ.

2. Ҳимояи рисолаи докторӣ аз ҷониби Хоҷазода Т.А. дар мавзӯи: «Раванди таъсири нейтронҳои ҳароратӣ ба хосиятҳои спектралӣ ва фаъолгокии биологии тухмиҳо» 12. октябри 2019с. Аз рӯи ихтисоси 03.01.02.-Биофизика.

3. Ҳимояи рисолаи номзадӣ аз ҷониби Файзуллоев И.Ҳ. дар мавзӯи: «Ноустувории оптикӣ дар композитҳои полимерии кристалли моеъасос ҳангоми деформатсияи яктира» 20 сентябри 2022с. Аз рӯи ихтисоси 01.04.07 – физикаи ҳолатҳои конденсӣ.

4. Ассистенти кафедра Латипова С.З. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи: «Баҳододи энергия ва самти зарраҳои ибтидоӣ аз рӯи образу тармаи васеъи атмосферӣ дар ҳисобгиракҳои оптикии дастгоҳи Памир-ХХI» пешниҳод намуда аст.

5. PhD Нигораи Зайдулло рисолаи худро барои ҳимоя дар мавзӯи: «Таъсири нейтронҳои ҳароратӣ ба фаъолнокии биологӣ ва хосиятҳои спектралии бактерияҳои RHIZBIUM PHASEOLII TAAS-80 TJ И ВACILLUS MTGATERIUM VAR. PHOSPHATICUM» пешкаш намудааст.

Ҳамкориҳои байналмиллалӣ

Холо кафедраи физикаи ҳаста бо марказхои илмии бисьёр давлатҳо ҳамкории илмӣ дорад. Масалан ДДМ ба номи М. В. Ломоносов, Пажуишгохи физикаи ба номи П.Н.Лебедеви АИ ФР, Донишгоҳи миллии пажуҳишҳои ҳастаи (МИФИ), ПБТХ ш. Дубна(Россия), ДДБ (Белорус).

АЪЗОЁНИ КАФЕДРА

Мудири кафедра

Тел. +992 907 74 33 83

E-mail; maksudov_barot@mail.ru

Хиёбони Рудакӣ -17

Махсудов Барот Исломович (20.02.1960) Физикдон, доктори илмҳои физикаю математика (2015), профессор. Хатмкардаи факултети махсуси физикаи Донишкадаи инженерӣ-физикии ш. Москва (МИФИ) (1984). Соли 1985 ба сифати аспирант ба пажухишгохи физикаи ба номи П.Н. Лебедеви АИ СССР(ФИАН), ш. Москва дохил шуда дар мавзӯи «Хосиятҳои ҳароратӣ ва деградатсионии гетеролазерҳо» кори илмӣ карда, рисолаи номзадиро соли 1988 дар Шурои махсусгардонидашудаи №2(ФИАН), дифоъ кардааст. Аз соли 1988 то 1997 дар кафедраи физикаи ҳаста ба ҳайси лаборанти калон, муҳандис, асисстент ва муаллими калон кор кардааст. Аз соли 2011 то ҳозир дар кафедраи физикаи ҳастаи ДМТ иҷрои вазифа менамоянд. Соли 2012 ба вазифаи мудири кафедра интихоб шудааст. Соли 2015 дар мавзӯи «Хосиятҳои мавҷбарӣ, ҳароратӣ ва деградасионии лазерҳои инжексионӣ дар асоси гетеросохторҳои AIIIВV» аз руи ихтисоси 01.04.07- физикаи муҳитҳои конденсӣ рисолаи доктори илмҳои физикаю математикаро дифоъ кардааст. Муаллифи 2 патенти байналмиллали ва 3 нахустпатент оиди ихтироот, ду монография, китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошад. Махсудов Б.И. тарғибгари фаъоли пешрафт ва дастовардҳои илми физика дар Тоҷикистон мебошад. У дорандаи нишони ихтирокори беҳтарини солҳои 2015-2016 буда бо ифтихорномаи АИ ЧТ барои иштироки фаъолона дар тарғиби донишҳои илмӣ мукофонида шудааст. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Махсудов Б.И. мутахассиси варзидаи соҳаи электроникаи квантӣ мебошад. Самтҳои тадқиқотҳои илмии Махсудов Б.И. ба омӯзиши хосиятҳои нурафкании лазерҳои нимноқилӣ дар асоси гетеронаносохторҳо, физикаи ҳастаи амалӣ, амнияти радиатсионии инсон ва муҳити зист ва нурҳои кайҳонӣ равона шудаанд. Махсудов Б.И. бо маҳорати баланди омӯзгори аз фанҳои физикаи атом, физикаи ҳаста ва фанҳои тахассусӣ ба донишҷӯёни курсҳои 3-4-ӯм ва магистрантони факултет дарс мегӯяд. Натиҷаи тадқиқотҳояш зиёда аз 130 номгӯи дар мачаллаҳои илмии бонуфузи Россия, ИМА, Олмон ва Ҷопон, инчунин дар маводҳои конференсияҳои милли ва байналхалқӣ чоп шудаанд, аз ҷумла 1 монография. Ӯ китоби дарсии «Асосҳои физикаи атому ҳаста ва дозасанҷӣ» ва се дастури таълимиро ба чоп расондааст. Махсудов Б.И. тарғӣбгари фаъоли пешрафт ва дастовардҳои илми физика дар Тоҷикистон мебошад. Зери роҳбарии профессор Махсудов Б.И. рисолаҳои номзадию докторӣ дифоъ шудаанд.

Email: Oblokulabbosov39@gmail.com

Тел. +992 935.75.85.40

Хиёбони Рудакӣ- 17

Аббосов Облокул н.и.т., дотсент

Облоқул Аббосов, (10.03. 1939, деҳаи Урмитани ноҳияи Айни, вилояти Суғд).Физикдон, номзади илмҳои техникӣ (1973), дотсент (1982). Хатмкардаи институти педагогии Сталинобод (1961) ва аспирантураи институти физики-техникии ба номи С. У. Умаров АФ Тоҷикистон, Фаъолияти меҳнатиро ҳамчун муаллими фанни физика дар ноҳияи Колхозобод оғоз намуда баъд аз хизмати ҳарбӣ (1962-1964) дар Академияи илмҳои Тоҷикистон дар шуъбаи физика ва техника ба сифати коромӯз – тадқиқотчӣ ( соли 1964) оғоз меёбад. Солҳои 1966-1969 аспиранти Пажуҳишгоҳи физикаю-техникаи ба номи с. У.Умаров ба Институти корҳои кӯҳии ш. Москва фиристода мешавад. Соли 1973 рисолаи номзадӣ дар мавзуъи «Исследование возможности применения линейного ускорителя электронов на 4,2 Мэв в активационном анализе руд и продуктов их переработки» ҳимоя менамояд. Солҳои 1969- 1974 ходими хурди илмии институи физикӣ-техникии ба номи С. У. Умаров, солҳои 1974-1991 мудири кафедраи информатика ва воситаҳои техникии Донишгоҳи давлатии санъат, солҳои 1991-2003 мудири кафедраи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак. М. Осимӣ, аз соли 2003 дотсенти кафедраи физикаи ҳастаи ДМТ. Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии дотсент Аббосов О. ҳаммуалифи китоби дарсии «Физикаи атом ва ҳаста»15,5 ҷ.ч., 230 саҳ. мебошад. Дар конференсияҳои умумидонишгоҳи бо маърӯзаҳои Э. Резерфорд- «кошифи ҳастаи атом», «Таҷрибаи омода намудани мутахассисони касбии соҳаи физикаи ҳастаӣ дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ( бо ҳамроҳии Б.И. Махсудов, Д.Қ. Солиҳов, «Резерфорд ва илми физикаи муосир», Академик Г.Н. Флеров асосгузори реаксияи ҳастаии занҷири ва монанди онҳо баромад намудааст. Зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳо ба табъ расонидааст.Дорандаи нишонаҳои «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» мебошад.

+92.907.91-85.15

Хиёбони Рудакӣ 17.

Нарзиев Ҳ. н.и.ф.-м., дотсент

Нарзиев Абдуҳамид 25. 03 соли 1941 дар деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 1960 мактаб интернати ба номи Съезди ХХ партияро дар шаҳри Истаравшан (Уротеппа) хатм карда, ҳамон сол ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин) факултаи физика ва математика, шӯъбаи физика дохил шуда, онро соли 1965 бо муваффақият хатм кард. Солҳои 1964-1965 барои гузаштани таҷрибаи пешаздипломӣ ба пажуҳишгоҳи илмии татқиқотӣ магнитнокшавии замин ва паҳншавии радиомавҷҳои АИ собиқ ИҶШС ш. Москва (НИИЗМИРАН СССР) фиристода шуд. У рисолаи дипломиро дар мавзӯи «Мониторинги нейтронҳо, вариатсияи нурҳои кайҳонӣ» иҷро карда ҳимоя кардааст. Баъди хатми Донишгоҳ ба вазифаи ассистенти кафедраи физикаи ядро ба кор монда шуд. Солҳои 1967-1968 ҳамчун коромуз (стажёр) дар пажуҳишгоҳи байналмилалии илмии татқиқотии ядроӣ (ОИЯИ) ш. Дубна кор кард. Октябри соли 1968 ба аспирантура дохил шуд. Барои иҷрои рисолаи номзади ба ш. Обнинск, ба пажуҳишгоҳи илмии татқиқоти физикаи энергиявӣ дар назди комитети давлатии истифодабарии энергияи атомӣ фиристонида шуд. Баъди хатми аспирантура ҳамчун муаллими калони кафедраи физикаи ядро кор кард. Аз соли 1977 дар вазифаи дотсенти кафедраи физикаи ядро кор мекунад. Соли 1974 Нарзиев А. рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Тавсифи спектри нейтронҳо аз нишонаҳои ғафс бо нурбориши протонҳо ва дейтронҳои энергияшон 23МэВ, ихтисоси 01.04.16 физикаи атому ядро ва нурҳои кайҳонӣ» дар шаҳри Тошканд, химоя намудааст. Ҳамаги дар 12 унсур ( аз алюмин то уран) тадқиқот гузаронида шуд. Тавсифи спектрали, тақсимшавии қунҷи (дар кунҷҳои 0,45,90, 135 градус), баромади нейтронҳо дар кунҷи чор пӣ омӯхта шуд. Ин натиҷаҳо барои и нтихоби маводҳои ҳимояги аз афкванишоти нейтронҳо истифода мешавад. Барои чен кардани спектри нейтронҳо дар майдони гамма нурҳо, коркарди спектросанҷ бо реҷаи ҷудокунӣ гамма аз нейтронҳо пешниҳод шудааст. Дар асоси ин натиҷаҳо бо мувафақият ҳимоя намуда унвони номзади илмҳои физика-математика соҳиб шуд. Солҳои 1973 ба 1978, 1984 барои баланд бардоштани ихтисосаш дар Пажуҳишгоҳи илмии татқиқотии ядроӣ донишгоҳи давлатии (МГУ) ба номи М.В.Ломоносови ш.Москва таҷриба мегузаронад. Ӯ муаллифи зиёда аз 110 мақолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ дар маҷаллаҳои марказӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад. Хизматҳои ӯ бо чандин грамотаҳои фахрӣ, мукофотҳои пулӣ, грамотаи фахрии ҷумхуриявии назорати халқӣ, соли 1986 бо нишони «Аълочии мактабҳои олии СССР» ва соли 1999 бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр карда шудааст.

ассистенти кафедра

Email: faridunk@rambler.ru

Тел: 935310747

Хиёбони Рудакӣ- 17.

Камолиддинов Фаридун Ҷалолиддинович 17-уми январи соли 1988 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ихтисосаш – Физик., Омӯзгор. Соли 2007 таҳсилоти худро дар литсей интернати тоҷикӣ-туркӣ ба анҷом расонида худи ҳамон сол ба факултети физикаи Донишгоҳи Давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуд. Ҳангоми таҳсил дар мактаб ва донишгоҳ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ иштирок карда сазовори ҷойҳои намоён гашт. Илова бар ин e кори дипломии худро дар Донишгоҳи давлатии Маскав иҷро намуда онро бо баҳои аъло ҳимоя намуд. Соли 2012 факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ДМТ) бо дипломи аъло хатм намуда ба кафедраи физикаи ҳастаи ДМТ ба ҳайси ассистенти кафедра ба кор қабул шудааст. Январи соли 2013 ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи ДМТ дохил шуда декабри соли 2015 онро хатм намуд. Аз моҳи феврали соли 2016 ба ҳайси ассистенти кафедраи физикаи ҳастаи ДМТ ба кор қабул шуд. Шогирдони Камолиддинов Ф.Ҷ. дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ аз фанни физика иштирок намуда сазовори чойҳои намоён гаштанд. Камолиддинови Ф.Ҷ. дорои 10 мақолаву фишурдаҳои конференсияҳо мебошад.

ассистенти кафедра

latipova_s@mail.ru +92.901.91.11.06

Хиёбони Рудакӣ 17.

Латипова Сарвиноз Зикуллоевна 1- уми сентябри соли 1989 дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Ихтисосаш – Физик., Омӯзгор. Соли 2007 таҳсилоти худро дар мактаби миёнаи №54-и ин ноҳия ба анҷом расонида худи ҳамон сол ба факултети физикаи Донишгоҳи Давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуд. Ҳангоми таҳсил дар мактаб ва донишгоҳ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ иштирок карда сазовори ҷойҳои намоён гашт. Илова бар ин e кори дипломии худро дар Донишгоҳи давлатии Маскав иҷро намуда онро бо баҳои аъло ҳимоя намуд. Соли 2012 факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ДМТ) бо дипломи аъло хатм намуда ба кафедраи физикаи ҳастаи ДМТ ба ҳайси ассистенти кафедра ба кор қабул шудааст. Январи соли 2013 ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи ДМТ дохил шуда декабри соли 2016 онро хатм намуд. Аз моҳи феврали соли 2017 ба ҳайси ассистенти кафедраи физикаи ҳастаи ДМТ ба кор қабул шуд.