Кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт (КФҶС) соли 1955 бо ташаббуси Ходими шоистаи илми Тоҷикистон профессор Б. Н. Нарзуллоев дар заминаи кафедраи физикаи эксперименталӣ ташкил шудааст. Баъдтар, соли 1965 дар заминаи КФҶС Лабораторияи проблемавии физикаи мустаҳкамии полимерҳо, ки ҳоло номи Шӯъбаи илмию таҳқиқотии физикаи муҳитҳои конденсиро (ШИТ ФМК) дорад, таъсис дода шуд. Дар ҳамбастагӣ имрӯзҳо КФҶС ва ШИТ ФМК яке аз марказҳои пуркуввати илмӣ ва таълимии омӯзиши сохтор ва хосиятҳои физикии ҷисмҳои сахт ва полимерҳо дар ҷумҳурӣ ва Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Дар тӯли фаъолияти худ кафедра дар ҳамкорӣ бо ШИТ ФМК 15 доктор ва зиёда аз 60 номзадони илмро тайёр намудааст. Сарварии кафедраро солҳои гуногун профессорон С.Н. Каримов (1965-1972), Б.Н. Нарзуллоев (1972-1982), М.Қ. Қурбоналиев (1982-1997) ва Ш.Т. Тӯйчиев (1997-2009) Ҳ. М. Абдуллоев (2009-2017) ба ӯхда доштанд. Ҳоло мудири кафедра дотсент Р.Т. Қодиров мебошад. Дар кафедра профессорон Ҳ. М. Абдуллоев, Ҷ. Рашидов, дотсентон С.Х. Табаров, Соибов А. А. муаллимони калон н.и.ф.-м. Р.Т. Шоимов Э. Ҷ., И. Юлдошев, ассистентон Ғафоров Ф. А. Тураев А. Х., мудири лабораторияҳои таълимӣ М. Ҷӯраева М., муҳандис Исматов Ш., лаборантон Меликов Б. ва Н. Исмоилзода ба корҳои илмию таълимӣ машғуланд. Кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт кафедраи воҳиди илмию таълимӣ ва тахассусӣ буда, дар он ба донишҷӯёни курсҳои болои аз курсҳои махсуси физикаи ҷисмҳои сахт, физика ва химияи полимерҳо, таҳлили рентгении сохтори модда, физикаи маҳлулҳои полимерҳо, усулҳои таҳқиқи сохтор ва хосиятҳои ҷисмҳои сахт, физикаи мустаҳкамӣ ва вайроншавии ҷисмҳои сахт ва полимерҳо ва ғайра дарс гуфта мешавад. Илова бар ин устодони кафедра аз курсҳои механика, физикаи молекулӣ, метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия, радиотехника ва радиоэлектроника барои донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни факултети физика ва дигар факултетҳои донишгоҳ таълим медиҳанд. Яке аз самтҳои фаъолияти кафедра нашри китоб ва дастурҳои таълимӣ мебошад, ки ба он диққати махсус дода мешавад. Дар давоми фаъолияти кафедра аз ҷониби кормандони он зиёда аз 20 китоби таълимӣ, 10 монография ва наздики 50 дастури методӣ таълиф карда шудааст, ки ба қалами профессорон Б.Н. Нарзуллоев, С.Н. Каримов, М.Қ. Қурбоналиев, Ш.Т. Тӯйчиев, Ҳ.М. Абдуллоев, дотсентон П.Ҳ. Эрфан, С.Н. Низомиддинов, В.А. Мирзоева, Ю.А. Авазов, А.И. Ҳукматов, Ҷ. Рашидов, С.Х. Табаров, ва дигарон тааллуқ доранд. Кормандони кафедра бо марказҳои илмии шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Киев, Майне (Олмон), Нагано (Япония) ҳамкории илмӣ доранд. Фаъолияти илмии КФҶС шоёни диққати махсус аст. Таҳқиқоги илмии кафедра ба самти илмии физикаи муҳитҳои конденсӣ тааллуқ дошта, мавзӯи физикаи мустаҳкамӣ ва пластикнокии ҷисмҳои сахт ва полимерҳоро дар бар мегирад. Дар зарфи 5 соли охир аз ҷониби устодони кафедра зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои дохилӣ ва хориҷӣ нашр гардидааст. Кормандони кафедра иштирокчии кулли конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошанд. Аз ҷониби онҳо зиёда аз 100 номгӯи фишурдаҳои маърӯзаҳо ба табъ расонида шудааст. Кори ихтироот дар КФҶС байни шӯъбаҳои ДМТ сермаҳсул ба шумор меравад. Устодони кафедра дар ҳамкорӣ бо кормандони ШИТ ФМК дорои зиёда аз 20 номгӯйи шаҳодатномаҳои ихтироъ мебошанд, ки ба соҳаҳои гуногуни илм ва техника мансубанд. Шурӯъ аз соли 2004 устодон ва кормандони КФҶС ба тадқиқи васеи сохтор ва хосиятҳои физикии системаҳои конденсии нанокарбондор, аз ҷумла маҳлулҳои нанокарбонҳо, полимерҳои нанокарбондор ва нанотехнология, ки диққати марказҳои калонтарини илмии ҷаҳониро ба худ ҷалб кардаанд, машгул мебошанд. Олимони кафедра ва шӯъба маҳз ба тавассути дастовардҳои худ дар ин самт ғолиби озмуни маркази байналмиллии илмию техники буданд ва имрӯзҳо барои давом додани барномаи бурси ҳамин ташкилот кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Натиҷаҳои назарраси фаъолияти илмии КФҶС ва ЛИТ ФМП дар солҳои охир, ки дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд, зеринанд:

1. Таснифи умумии рентгенограммаҳои кунҷҳои хурди полимерҳо, ки онҳо ба самти илмии нав-«технологияи сохтори маводҳо» замина гузоштанд.

2. Хосиятҳои электрноқилияти полимерҳои табиӣ (пахта ва абрешим) вобаста ба сохтор, таъсири омилҳои беруна ва даври инкишофи биосинтетикии онҳо омӯхта шуданд. Дар асоси ин таҳқиқот масъалаи сохтани асбобҳои нимноқилӣ (термо- ва фоторезисторҳо) пешниҳод гардиданд.

3. Таҳқиқи сохтор, хосиятҳои реомеханикӣ ва релаксатсионии сополиэфирҳои моеъкристаллӣ, имконияти дар асоси онҳо ҳосил намудани нахҳои мустаҳкам ва модули чандирии калондоштаро фароҳам овард, ки онҳо ҳамчун маводи конструксионӣ хизмат хоҳанд расонд.

4. Ҳодисаи тағйироти доимиҳои гармофизикии чандирии панҷараи кристаллии маводҳои техникӣ-конструксионии нурбороншуда кашф карда шуд. Муайян гардид, ки нуқсҳои радиатсионй, гарчанде ба тариқи оморй дар сохтор пайдо шаванд ҳам, вале дар самтҳои муайяни кристаллографӣ ҷамъ мешаванд.

Саҳми кафедра дар тайёр намудани кадрҳои унвондори илмӣ назаррас аст. Дар давоми фаъолияти кафедра Маҳмудов И., Муҳаммад А.Т., Шоимов У., Аловиддинов А., Шоимов Э. рисолаҳои номзадӣ ва дотсент Рашидов Ҷ. рисолаи доктории худро бомуваффақият ҳимоя намуд. Дар кафедра 2 маҳфили илмии донишҷӯён доир ба физикаи полимерҳо амал менамояд, ки дар он донишҷӯёни курсҳои 3-4 оид ба соҳаҳои мухталифи тадқиқотҳои илмии худ бо маърӯзаҳо баромад мекунанд. Саҳми устодони кафедра дар инкишофи илми ҷумҳурӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи маориф калон аст. Барои натиҷаҳои назаррас дар соҳаи илм ва тадрис асосгузори кафедра, профессор Б.Н. Нарзуллоев бо унвони фахрии «Ходими шоистаи илми Тодикистон», профессор Ш.Т.Тӯйчиев бо медали тиллоии маркази байналмилалии патентии Авру Осиё, ҷоизаи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тодикистон ба номи академик С.У. Умаров ва бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тодикистон», профессор Ҳ.М. Абдуллоев бо «Ордени Шараф» дарадаи II сарфароз гардидаанд. Дотсент Ҷ. Рашидов барои фаъолияти назарраси ихтироъкорӣ бо Ифтихорномаи дарачаи якуми маркази иттилооту патентии Ҷумҳурии Тодикистон мукофотонида шудааст. Профессорон Х,.М. Абдуллоев, ва дотсент С.Х. Табаров аъзоёни Шӯрои дассертатсионии Донишгоҳ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадианд. Кафедра дорои таҷҳизоти зарурии техникӣ аст, ки баҳри танзими ҷараёни илмӣ ва таълимию методӣ истифода бурда мешавад. Соли 2012 дар заминаи кафедра ихтисоси нав: Метрология, стандартонӣ ва сертификатсия (54010104) кушода шуда, устодони нахустини он дотсент Соибов А.А., ассистент Ғаффоров Ф.А., Тураев А. Х. ва Исматов Ш. ҳамчун устодони штатӣ, доктори илмҳои техникӣ Ғаффоров А.А., дотсент Умирзоқов А.А., муаллими калон Ясинов Ш.М., Раҳматуллоев У. ҳамчун устодони ғайриштатӣ фаъолияти илмию омӯзгориро ба ҷо меоваранд.

Фаъолияти тадқиқотӣ

Самтҳои асосии корҳои тадқиқотӣ:

• таъсири нанозаррачаҳо ба сохтор ва хосиятҳои физикии полимерҳо;

• таъсири фуллерен ба сохтор ва хосиятҳои физикии полимерҳо;

• таъсири графен ба сохт ва хосиятҳои физикии полимерҳо;

• истифодаи усулҳои ядроию физикии таҳлил дар геология ва тиб;

• омузиши характеристикаҳои термофизикии лазерхои инъексионӣ дар асоси гетеронаноструктураҳо.

Фаъолиятҳои таълимӣ

Кафедраро хатм карда, аз рӯи ихтисосҳои «физика» ва «метрология, стандартизатсия ва сертификатсия» мутахассис тайёр мекунад. Тахассуси баъдидипломӣ – бакалавр -, магистр -. Таълими донишҷӯён аз фанҳои ядрои атомӣ ва бехатарии радиатсионӣ дар асоси принсипи вокуниши фаврӣ ба талаботи фаъолиятҳои амалӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи физикаи амалии ядроӣ асос ёфта, бо ин мақсад дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ мунтазам курсҳои нави таълимӣ таҳия ва ҷорӣ карда мешаванд. Азхудкунии донишҷуён аз фанҳои умумии касбӣ ва махсуси ихтисосҳо аз ҷониби кафедра пешниҳод намудани фанҳои асосии зерин сурат мегирад:

Бакалавр (рӯзона ва ғоибона) ихтисоси 1 – 31040101 – «Физика»

Фанҳои умумии касбӣ:

1. Механика

2. Асосҳои электроника

3. Электротехника

4. Физикаи молекулӣ

5. БФИ

Фанҳои ихтисосӣ:

1.Асосҳои физика-химиявии нанотехнология.

2.Физикаи полимерҳо

3.Физикаи маҳлулҳо ва гудохтаҳо

4. Сохтор, хосиятҳои механики ва электрофизикии полимерҳо

5.Физика-химияи полимерҳо

6. Асосҳои физикии ҷисмҳои сахт

7. Таҳлили рентгении сохтор

Магистратура (рӯзона ва ғоибона) ихтисоси 1- 31040101 «Физика»

1. Симметрия ва қонунҳои бақошавӣ

2. Физикаи олами микро

3. Моделсозии детекторҳои зарраҳои элементарӣ.

Марказҳо, синфхонаҳо, лабораторияҳо:

Дар назди кафедра лабораторияҳои таълимӣ мавҷуданд (мудири лаборатория – Ҷӯраева М.Р.);

• физикаи атомӣ

• физикаи ядроӣ

• спектрометрияи ядрой

• дозиметрия

• физикаи нейтронӣ

• бехатарии радиатсионӣ.

Докторантура ва доктор PhD

Кафедра бо довталабон аз рӯи ихтисосҳои 010407 – Физикаи ҳолати конденсатсионӣ, 6Д 060400-Физика кор мебарад. Корҳои анҷомдодаи кафедра оид ба тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ:

1.Ҳимояи рисолаи номзадӣ Шаимов Э.Ҷ. дар мавзӯи: «Структура, механические и электрические свойства фуллеренсодержащих пленок полиметилметакрилата, полученных из общих растворов в ароматических растворителях» 16 майи соли 2017 аз рӯи ихтисоси 02.00.06 – пайвастагиҳои макромолекулярӣ.

2.Ҳимояи рисолаи номзадӣ Исмоилов И.Б дар мавзӯи: «Технология получения, структура и физико-химические свойства биоразлагаемых полимерных композитов на основе глюкоманнана и зеина» 28 июни соли 2022 аз рӯи ихтисоси: 1.4.7. пайвастагиҳои макромолекулярӣ.

Бакалавр (рӯзона ва ғоибона) ихтисоси 1 – 54010104 – «Метрология, стандартзатсия ва сертификатсия»

Фанҳои умумии касбӣ:

1. Физика

2. Нақшаи геометрия ва графикаи муҳандисӣ

3. Таҳлили математикӣ

4. Алгебра ва геометрия

5. Химияи умумӣ

6. Электротехника ва электроника

Фанҳои ихтисосӣ:

1. Қисмҳои мошин (асбобҳо) ва асосҳои тарҳрезӣ

2. Автоматикунонии ченкуни, назорат ва санҷишҳо

3. Банақшагирӣ ва ташкили таҷриба

4. Метрология ва қонунгузории амалӣ

5. Баҳамивазшавӣ ва меъёри дақиқӣ

6. Барномаҳои омории комплексӣ

7. Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия

8. Идоракунии системаҳои техникӣ

9. Асосҳои физикии ченкунӣ

10. Усулҳо ва воситаҳои андозагирӣ, тадқиқот ва назорат

11. Технология, коркарди стандартҳо

12. Сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ

13. Иқтисодиёти таъминоти метрологӣ

Магистратура (рӯзона ва ғоибона) ихтисоси 1 – 54010104 – «Метрология, стандартзатсия ва сертификатсия»

1. Воситаҳои метрологӣ назоратию ченкуни

2. Таъмини метрологӣ ра ванди истехсолот

3. Проблемаҳои ҳозираи стандартӣ ва метрологӣ

АЪЗОЁНИ КАФЕДРА

Мудири кафедра

eshoimov@mail.ru

+992 937 57 77 54

куч. Рудаки 17

Шаимов Эркин Ҷаборович, 15 ноябри соли 1982 дар шаҳри Кофарниҳон(ҳозира Ваҳдат) таваллуд шудаам. Соли 1988 ба мактаби миёнаи №110 ш. Ваҳдат ба синфи 1-ум рафтам. Соли 1999 пас аз хатми мактаби номбурда, ба Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон, ба факултетити физика, ихтисоси радиофизика ва электроника дохил шудам. Соли 2004 донишгоҳи номбурдаро хатм намудам. Пас аз хатми донишгоҳ дар вазифаи лаборанти шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии “физикаи муҳитҳои конденсӣ” фаъолияти кории худро оғоз намудам. Солҳои 2006-2009 дар шуъбаи рузонаи аспирантураи донишгоҳи милли тоҷикистон таҳсил кардам. Соли 2009 дар вазифаи ходими илмии лаборанти шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии “физикаи муҳитҳои конденсӣ” фаъолиятамро идома додам. Соли 2013 ба вазифаи ассистенти кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт гузаштам. Соли 2017 рисолаи ногмзадиамро дар мавзуъи “структура, механические и электрические свойства фуллеренсодержащих пленок полиметилметакрилата, полученных из общих растворов в ароматических растворителях” ҳимоя намудам. Соли 2019 ба вазифаи муаллими калони кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт гузаронида шудам. Аз 30.12.2020 дар вазифаи дотсенти кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт кор ва фаъолият намуда истодаам.

д.и.ф.м. профессор KhAbdullaev@bk.ru

+992 917 14 79 79

куч. Рудаки 17

Абдуллоев Ҳасан Муминҷонович

Абдуллоев Ҳасан Муминҷонович Соли таваллуд 1952 миллаташ тоҷик. Абдуллоев Ҳ.М. соли 1969 ба факултети физикаи Университети давлатии Тоҷикистон дохил гардида, пас аз бо баҳои аъло хатм намудани он дар вазифаи муҳандиси Лабораторияи проблемавии физикаи мустаҳкамии полимерҳо ба кор қабул гардид. Дар тӯли солҳои 1974-1989 ӯ дар вазифаҳои ходими хурд (1978), калон (1985), пешбари илмӣ (1988) ва мудири лабораторияи мазкур адои хизмат намудааст. Пас аз хатми шӯъбаи ғоибонаи аспирантура, соли 1984 ӯ дар Шӯрои диссертатсионии Институти илмӣ-таҳқиқотии ба номи Л.Я. Карпови ш.Москва рисолаи номзадиашро ҳимоя намуд. Соли 1989 ӯ ба вазифаи дотсенти кафедраи физика ва механикаи полимерҳо интихоб гардид. Соли 1996 Абдуллоев Ҳ.М. ба докторантура дохил гардида, таҳқиқотҳои илмиашро дар ҳамкорӣ бо олимони лабораторияи реологияи полимерҳои Институти нефту химияи АИ ФР давом дод ва соли 2000 рисолаи докториашро ҳимоя намуд. Пас аз хатми докторантура соли 2001 Абдуллоев Ҳ.М. ба вазифаи муовини декан оид ба корҳои илмии факултети физика таъин гардида, то соли 2007 ин вазифаро ба ӯҳда дошт. Соли 2002 ӯ ба вазифаи профессори кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт интихоб гардид. Аз 14 марти соли 2007 то 16 сентябри соли 2009 Абдуллаев Х.М. вазифаи декани факултети физикаро ба ӯҳда дошт. 16 сентябри соли 2009 мавсуф иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт таъин шуда, пас ба ин вазифа интихоб гардид ва то 02.04.2018 дар вазифаи мудири кафедра адои хизмат намуд. Аз таърихи зикршуда то ҳол Абдуллоев Ҳ.М. дар вазифаи профессори кафедра фаъолият менамояд. Абдуллоев Ҳ.М. шахси арзанда аст, олими сермаҳсул ва устоди соҳибтаҷриба мебошад. Асарҳои илмии ӯ дар журналҳои бонуфузи Федератсияи Россия, Украина, Белоруссия, Чехия, Олмон ва Полша чоп шудаанд. Дар тӯли солҳое, ки ӯ вазифаи мудири кафедраро ба ӯҳда дошт, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимию тарбиявӣ дар кафедра хеле ҷоннок гардиданд. Аз тамоми фанҳои тадрисшаванда барномаҳои корӣ (силлабусҳо), бонки лексияҳо, саволҳои тестӣ тартиб дода шуданд, мавзӯъҳои лексионӣ бо дастовардҳои нави илмӣ дар фан, ки аз таҳқиқотҳои нави илмӣ бармеоянд, таҷдиди назар карда шуданд. Фаъолияти илмии кафедра ба яке аз самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳои илмӣ- нанофизика ва нанотехнология бахшида шудааст. Донишҷӯён ва устодони кафедра иштирокчии фаъоли озмун ва конфронсҳои сатҳи гуногун буда, корҳои илмӣ ва маърӯзаҳои онҳо борҳо қадрдонӣ шудаанд. Дар тайёр намудани кадрҳои илмии унвондор низ пешравиҳо назаррасанд. Дар тӯли солҳои охир аз ҷумлаи устодони факултет, ки аз рӯи мавзӯи илмии кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебаранд, 7 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докториро дифоъ намуданд. Абдуллоев Ҳ.М. олими шинохтаи соҳаи физикаю механикаи полимерҳо аст. Таҳқиқотҳои илмии ӯ ба масъалаҳои реология, сохтор ва хосиятҳои электрофизикию механикии полимерҳо бахшида шудаанд. Ӯ муаллифи зиёда аз 150 асарҳои илмӣ, монография, ихтироот ва 8 дастурҳои таълимию методӣ мебошад. Абдуллоев Ҳ.М. аъзои Шӯрои диссертатсионии Д 999.188.02 доир ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва аъзои Шӯрои олимони факултети физика мебошад. Абдуллоев Ҳ.М. дар байни устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ, инчунин мутахассисони соҳаи физикаи ҷумҳурӣ ҳамчун олими эҷодкор ва бомаҳорат соҳиби ҳурмату эҳтироми зиёд аст. Дастовардҳои ӯ дар соҳаи тадқиқотҳои илмӣ ва хизматаш дар самти ба камол расонидани кадрҳои баландихтисос аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва ордени «Шараф» дараҷаи II қадршиносӣ гардидаанд.

д.и.ф.м профессор

+992 988 57 89 11

куч. Рудаки 17

Рашидов Ҷалил

Ман, Рашидов Ҷалил, 8 –уми феврали соли 1943 дар деҳаи Алхитой ноҳияи Варзоб таваллуд шудам. Баъди хатми мактаби миёна ба донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) ба факултаи физика дохил шуда, онро соли 1967 хатм намудам ва дар кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт ба кор таъин шудам. Соли 1969 ба аспирантураи ҳамин кафедра дохил шуда, барои иҷрои рисолаи номзадӣ ба ш.Ленинград (ҳозира Санкт Петербург) ба Институти пайвастҳои баландмолекулии АИ СССР роҳхат гирифтам. Соли 1975 рисолаи номзадиро дифоъ намуда, то соли 1978 ба ҳайси корманди хурд ва корманди калони илмии лабораторияи физикаи мустаҳкамии полимерҳои ДДТ адои вазифа намудам. Аз соли 1978 то соли 2002 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон фаъолият кардам. Моҳи августи соли 2002 ба кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти ДДМТ ба кор дар вазифаи дотсенти кафедра таъин шудам. Машғулиятҳои лексионӣ ва амалиро аз механика, механикаи назарӣ ва амалӣ, курсҳои таълимӣ инчунин корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва методӣ дар институти илмӣ-тадқиқотии ДМТ мебарам. Соли 2016 рисолаи докториро ҳимоя намудам. Муаллифи зиёда аз 250 мақолаҳои илмӣ, 3 монография, 4 дастури методӣ («Корҳои мустақилона аз механикаи классикӣ», Душанбе-1988, «Лапишҳои хурди механикӣ», Душанбе -2001 ва дигарҳо) ва муаллифи 13 ихтироот мебошам, ки дар маҷалаҳои Ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ чоп шудаанд. Корҳои илмӣ-тадқикотиро дар мавзӯи «Омӯзиши сохтор ва хосиятҳои гармофизикии полимерҳо ва маводҳои композитсионӣ» дар зери таъсири омилҳои беруна мебарам. Соҳаҳои шуғли илмӣ: физикаю кимиёи полимерҳо, физикаи ҷисмҳои сахт, физикаи маводҳои композитсионӣ, наноилм ва нанотехнология. Ман оиладор соҳиби 3 фарзанд мебошам.

н.и.т. дотсент

Nazar-009@mail.ru

+992 907 38 12 90

куч. Рудаки 17

Саибов Абдуназар Алиевич

Саибов Абдуназар Алиевич, 15 маи соли 1952 дар ш.Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1959 дар мактаби миёнаи №15 ш. Душанбе таҳсилро оғоз намуда, онро соли 1969 хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба курси 1-ми факултаи механиконии кишоварзии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон(ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) дохил шудааст. Соли 1974 донишкадаро хатм намуда, дар худи донишкада ба кори омӯзгорӣ тавсия гардидааст. Аз моҳи сентябри соли 1974 фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун устои таълим дар кафедраи Таъмири мошинҳо шурӯъ намуд. Моҳи августи соли 1975 ба вазифаи ассистенти(ёвари) кафедра таъин шудааст. Аз моҳи январи соли 1980 то моҳи январи соли 1983 дар аспирантураи назди кафедраи Таъмири мошинҳои худи донишкада таҳсил намудааст. Баъдан, дар вазифаҳои ассистент, омӯзгори калон, дотсенти кафедраи Эътимодият ва таъмири мошинаҳо фаъолият намудааст. Моҳи апрели соли 1987 дар Шӯрои илмии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Ленинград (ҳоло Донишгоҳи аграрии С-Пб) рисолаи номзадиро дар мавзӯи: «Таъмини эътимодияти муҳаррикҳои 4-силиндраи бо ҳаво хунукшаванда бо роҳи беҳтарсозии системаи сардкунӣ» ҳимоя намуд. Аз моҳи ноябри соли 1987 номзади илмҳои техникӣ ва аз соли 2009 ҳамчун дотсент фаъолият мебарад. Моҳи октябри соли 1992 ба вазифаи мудири кафедраи «Эътимодият ва таъмири мошинҳо» ва моҳи ноябри соли 1996 ба вазифаи декани факултаи механиконии кишоварзии ДАТ интихоб гардидааст. Аз соли 2000 то 2004 ба ҳайси ректори Донишкадаи Марказии ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони маориф фаъолият намудааст. Баъдан, аз соли 2004 то апрели 2008 дар ҳайси роҳбари лоиҳаи «Такмили мактаб» дар Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷомеаи кушода-Бунёди мадад» кор кардааст. Аз моҳи июни соли 2008 то сентябри соли 2011 дар вазифаи директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Раёсати маорифи ш.Душанбе фаъолият намудааст. Моҳи июли соли 2011 декани факултети Нақлиёти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ таъин гашт. Аз моҳи сентябри соли 2015 ҳамчун дотсенти кафедраи Физикаи ҷисмҳои сахти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият бурда истодааст.Муалифи зиёда аз 110 номгӯи мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад, аз он ҷумла як мақола дар нашрияҳои Скопус. Соли 2008 монографияи илмиро дар мавзӯи: «Идоракунии сифат ва қобилияти беҳамтоии муҳаррикҳо», дар ҳаҷми 25 ҷузъи чопӣ, мураттаб намуд ва он аз тарафи Вазорати маорифи ҶТ ҳамчун маводи иловагии таҳсилотӣ барои донишҷуён, аспирантҳо ва кормандони илмӣ тавсия гардидааст. Ҳаммуалифи ду китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ мебошад. Соли 2010 соҳиби ду нахустпатент барои ихтирои техникӣ гаштааст. Рисолаи докторӣ дар мавзӯи: «Асосҳои илмии баланд бардоштани самаранокии системаҳои бо ҳаво сардшавандаи дизелҳо” барои ҳимоя тайёр мебошад. Соли 2001 бо унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» мушарраф гардидааст. Оиладор, соҳиби шаш фарзанд мебошад.

н.и.ф.м дотсент

Kadyrov@yandex.ru

+992 987907227

куч. Рудаки 17

Қодиров Рустам Туронович

Қодиров Рустам Туронович н.и.ф.м дотсент Ман Қодиров Рустам Тӯронович дар соли 1958 моҳи феврали 27 дар шаҳри Душанбе ноҳияи И. Сомонӣ таваллуд шудаам. Соли 1965 ба мактаби миёнаи рақами № 34 и шаҳри Душанбе дохил шуда онро дар соли 1975 хатм намудаам. Дар соли 1975 ба Университети Давлатии Тоҷикистон ба факултаи физика дохил шуда онро дар соли 1980 бо муваффақият ба анҷом расонидам. Аз соли 1980 то соли 1985 ба ҳайси лаборанти калони кафедраи ҷисмҳои сахти Университети Давлатии Миллӣ кор кардаам. Барои гирифтани унвони «Номзади илмҳои физика ва математика» дар соли 1985 ба аспирантураи ҳамин Донишгоҳ дохил шуда онро дар соли 1988 ба итмом расонидам. Аз соли 1988 то соли 1993 ба вазифаи ходими хурди илмии лабораторияи физикаи мустаҳкамии полимерҳо кор кардаам. Дар соли 1994 рисолаи илмии бо номи «Деформационно-прочностное поведение ПБМА в разных жидких средах при температурах выше и ниже температуры стеклования» – ро ҳимоя намуда соҳиби унвони «Номзади илмҳои физика ва математика» гардида ва аз соли 1993 то соли 1997 ба ҳайси муаллим дар кафедраи ҷисмхои сахт оид ба қисми «Механика» кор кардаам. Аз соли 1997 то 2000 офис-менеджери Ташкилоти Байналхалқии «Internews» оид ба тайёр ва омӯзонидани хабарнигорони махали шуда кор кардаам. Дар ташкилоти ғайридавлатии «Маркази ёрирасон барои ташкилотҳои ғайридавлатӣ» аз соли 2000 то 2003 кор кардаам. Аз соли 2003 то 2015 дар заводи макаронбарории ҶДММ «Маколли» ба ҳайси сардори шӯъбаи нақлиётӣ, сардори сехи макаронбарорӣ, таъминотчии шӯъбаи таъминот, мудири анбори таҷҳизоти сохтмонӣ кор кардаам. Аз соли 2015 то 2017 ба вазифаи муаллими калони кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти ДМТ фаъолият намудаам. Аз соли 2017 мувофиқи озмун ба вазифаи мудири кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт интихоб гардида то соли 2022 ин вазифаро ба ӯҳда дошт. Соҳиби як зан ва се фарзанд мебошад.

Ассистенти кафедра

gafarov.f.a@mail.ru

+992 918 70 35 33

куч. Рудаки 17

Гафаров Фаридун Абдулазизович

Ман Гафаров Фаридун Абдулазизович, 28 июни соли 1990 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаам. Соли 1997 ба мактаби миёнаи №29 ба синфи 1-ум рафтам. Соли 2007 пас аз хатми мактаби номбурда, ба Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, ба факултетити механикаонӣ дохил шудам. Соли 2012 донишгоҳи номбурдаро бо дипломи аъло хатм намудам. Пас аз хатми донишгоҳ мувофиқи тақсимот дар донишгоҳ ба ҳайси омузгор фаъолияти кории худро оғоз намудам. Соли 2012 ба Донишгохи Техникии Тоҷикистон ба, факултети нақлиёт дохил шуда, соли 2016 бо мувафаққият дониҳгоҳи номбурдаро хатм намудам. Соли 2015 ба вазифаи омузгори кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон гузашта то ҳол кор ва фаъолият намуда истодаам.

Унвонҷӯи ИИТ ДМТ

Shahboz.4554@mail.ru

+992 988 58 84 91

куч. Рудаки 17

Исматов Шаҳбоз Партовович

Исматов Шаҳбоз Партовович 24 – уми ноябри соли 1996 дар д/ҷ. Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод ба дунё омадааст. Соли 2003 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30 – и деҳаи номбурда ба синфи якум қабул шудааст. Дар муассисаи номбурда тӯли 9 сол ва ду соли дигар, яъне синфи 10, 11 – ро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 – и деҳаи номбурда таҳсил намудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 2014 ба тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази Миллии Тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси “Метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия” – 54 01 01 04 дохил шудааст. Соли 2019 донишгоҳи мазкурро хатм намуда, худи ҳамин сол дар кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти факултети физика ба ҳайси муҳандиси кафедра ба кор оғоз намудааст. То соли 2021 ба ҳайси муҳандиси кафедра ва аз соли 2021 ин ҷониб ба ҳайси ассистенти кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт фаъолият карда истодааст.

Унвонҷӯи кафедра

Ассистент Bahodur777@bk.ru

+992 988 46 90 63

куч. Рудаки 17

Меликов Баҳодур Ҷумахонович

Ман Меликов Баҳодур Ҷумахонович, 22 октябри соли 1994, дар оилаи коргар таваллуд шудам. Ман истиқоматкунандаи ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ, куч. Н.Қарабоев х.150/2 ут. 27 мебошам. Ман соҳиби оила буда дорои 4 фарзанд мебошам. Ман сентябри соли 2001 ба снфи 1-ум дар МТМУ №30 н.Фирдавсӣ таҳсилро оғоз намудам. Дар соли 2012 бошад, пас аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар факултаи физика супорида, сарбаландона донишгоҳро бо ихтисоси “Муҳандиси радио – физика ва электроника” дар соли 2017 – ум хатм намудам. Баъди гирифтани дипломи ДМТ ман корро дар донишгоҳи мазкур ба ҳайси барқчӣ аз соли 2018 оғоз намудам. Соли 2020 бошад ба ҳайси лаборанти кафедраи “Физикаи ҷисмҳои сахт” – и факултети физикаи ДМТ идома дода, аз сентябри 2021 ба вазифаи ассистенти ҳамин кафедра то инҷониб фаъолият менамоям. Аз забонҳи хориҷи забони русӣ озод ва аглисиро бо луғат медонам. Ман дорои 1адад дипломи ДМТ ва 4 адад шаҳодатнома аз ихтисосҳои зерин мебошам.Муҳандиси радио – физика ва электроника (диплом) Истифодабарандаи компютери фардӣ.Устои таъмири компютери фарди.Қубурсоз. Барқчӣ.

мудири лаборатория

+992 985820899

Куч. Рудаки 17

Ҷураева Муясарҷон Раҷабоевна

Ман Ҷураева Муясарҷон Раҷабоевна 27 апрели соли 1961 дар деҳаи Карапичоки шахри Ҳисор дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудам. Соли 1968 ба мактаби миёнаи 109 деҳаамон ба синфи якум рафтам ва соли 1978 мактабро тамом кардам. Соли 1978 ба Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин ба шӯъбаи шабонаи факултети физика дохил шуда онро соли 1984 хатм намудам. Аз соли 1978 дар мактаби дехаамон ба вазифаи муаллимаи фанни математика шуда кор кардам. Аз моҳи декабри соли 1980 ба факултети физикаи Донишгоҳ ба вазифаи лаборант ба кор омадам. Соли 1980 баъд аз хатми донишгоҳ ба вазифаи лаборанти калон кор кардам. Аз соли 2010 дар Литсейи донишгоҳи миллӣ ба вазифаи китобдор ва муаллимаи фанни технология кор кардам. Аз соли 2012 дар факултети физика, дар кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт ба вазифаи мудири лаборатория шуда кор кардам ва то ҳол кор карда истодаам.

Ассистенти кафедра

dilovar_800@mail.ru

+992 908-82-45-85

куч. Рудаки 17

Маҳмадуллоев Диловар Зафарович

Маҳмадуллоев Диловар Зафарович санаи 14-уми майи соли 1994 дар ноҳияи Фархор, вилояти Хатлон дар оилаи зиёиён таваллуд шудаст. Соли 2001 дар синни ҳафтсолагӣ ба мактаб-литейи назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон-и ноҳияи Фирдавсӣ, шаҳри Душанбе дохил шудааст. Тӯли 11 сол дар он ҷо таҳсил намуда, дар озмуну олимпиадаҳои дохиливу хориҷӣ иштирок намуда, соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидааст. Соли 2012 мактабро бо баҳои аъло хатм намуда ба Донишгоҳи давлатии Россия ба номи А.Н.Косыгин дар факултети “Технология дар саноати сабук” дохил шудааст. Соли 2016 донишгоҳро хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳи номбурда ба ҳайси магистрант супорида онро бо дипломи аъло хатм намудавст. Соли 2019 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси докторанти PhD – и факултети физика, кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт, ихтисоси метрология, стандартизатсия ва сертификатсия супорида онро соли 2022 хатм намудааст. Инчунин дар баробари таҳсили докторанти дар соли таҳсили 2021 – 2022 дар кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт, факултети физика ба ҳайси ассистент 0.5 воҳиди корӣ ҳамчун омузгори ғайриштатӣ кору фаъолият намудааст. Соли 2022 бо фармони ректори ДМТ дар кафедра ҳамчун омузгори штатӣ ассистент кору фаъолият намудаистодааст.

Дар баробари ассистентӣ дар факултет вазифаҳои зеринро ба ӯҳда дорад:

• Сарпарси гурӯҳи академӣ – 1 курс 54010104 (МСС)

• Раиси Шурои олимони ҷавони факултети физика

• Масъули сомонаи факултети физика

• Котиби илмӣ дар Шурои олимони ҷавони ДМТ

Корҳои илмӣ-татқиқотиаш бошад бо ҳамроҳии роҳбари илмиаш н.и.т., дотсент Саибов А.А. дар мавзӯи “Нормативное метрологическое обеспечение влияния медицинских терапевтических аппаратов низкой напряженности на состояние больных пациентов” рисолаи илмиашро навистаистодааст.