ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ФАКУЛТЕТ

448

Дар асоси барномаи конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба ҷашнҳои «30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода», «110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)», ки аз 20 то 27 апрели соли 2021 дар ДМТ баргузор гардид, дар факултети физика рӯзи 23-юми апрели соли 2021, дар бинои таълимии 16, синфхонаи 527, бахши муҳандисӣ, усули таълими физика ва астрономия доир гардид. Раисии бахшро номзади илмҳои физикаю математика, дотсент, мудири кафедраи астрономия Сафаров А.Ғ. ва котибии онро номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо Маҳмудов И. ба уҳда доштанд.

Дар ин бахш аз усули таълими физика 4 маърӯза, аз астрономия 7 маърӯза, муҳандисӣ 3 маърӯза ва тағйирёбии иқлим 1 маърӯза шунида шуд. Маърӯзаи дотсенти кафедраи физикаи умумӣ Шарифзода Б.Ҳ. на ба ин бахш, балки ба бахши физикаи муҳитҳои кондесӣ тааллуқ дошт, аз ин рӯ, шунида нашуд. Маърӯзаҳои ироашуда ба масъалаҳои муосири таълими физика ва амсиласозии риёзӣ, ки аз ҷониби устодон Муҳаммадҷонова М., Қудусова С., Восидов Ш., масъалаҳои муосири муҳандисӣ Ҷӯраев Х.Ш., Маматқулова Н.О., тадқиқи ҷирмҳои хурди Низоми офтобӣ ва физикаи Офтоб аз ҷониби устодони кафедраи астрономия ва кормандони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сафаров А.Ғ., Бобоев Ш.С., Буриев А.М., Аюбов Д.Қ., Асоев Ҳ.Ғ. шунида шудаанд.

Ҳангоми ироаи маърӯзаҳо баҳси ҷолибе ба амал омад, чунин баҳсҳо дар маърӯзаҳои Қудусова С. дар мавзӯи «Ҳалли масъалаҳо дар таълими физика», Восидов Ш. таҳти унвони «Моделсозии математикӣ – воситаи баланд бардоштани тафаккури эҷодии донишҷӯён», Бобоев Ш.С. доир ба «Тадқиқи синхронаҳои думи чангини кометаи С/2020 F3» бештар шуда, ҳозиринро ба ваҷҳ оварданд. Тамоми маърӯзаҳои пешниҳодшуда дар бахши муҳандисӣ, усули таълими физика ва астрономия муҳим ва баҳсталаб буданд. Маълум буд, ки муаллифон барои мураттаб намудани мавод ва пешниҳод намудани он ба шакли намоиш (презентатсия) заҳматҳои тӯлонӣ кашидаанд. 90% маърӯзаҳо бо воситаи видеопроектор ва тахтаи электронӣ ҷараён гирифт. Устодон ҳангоми пешниҳоди слайдҳо аз графику ҷадвал, нақшаву присипҳои кории асбобу олотҳо ва таҷҳизотҳо, аниматсия ва видеороликҳо истифода карданд, ки маърӯзаҳои онҳоро пурмазмуну шавқовар намуд.

Аз ин рӯ, комилан гуфта метавонем, ки дар бахши муҳандисӣ, усули таълими физика ва астрономия маърӯзаҳо аз тарафи устодону кормандони факултети физикаи ДМТ дар сатҳи баланд ироа шуданд. Дар маҷмӯъ, 15 маърӯза шунида шуд.