МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ТАРБИЯИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ – СИПАРИ УСТУВОР ДАР МУҚОБИЛИ ИФРОТГАРОӢ

10

Дар факултети физикаи ДМТ чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи стратегияҳову барномаҳои давлатӣ пайваста баргузор мегардад. Имрӯз (19.11.2026) тибқи нақша-чопабиниҳои факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи “Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” ҳамоиши илмӣ- назариявӣ баргузор гардид. Зимни сухани ифтитоҳӣ декани факултет, дотсент Қодирзода З.А. иброз дошт, ки терроризм ва экстремизм, пеш аз ҳама, аз паст будани сатҳи донишҳои ҳуқуқии ҷавонон ва таъсири таблиғоти ғаразнок сарчашма мегиранд. Дар чунин шароит ҷавонон метавонанд ба осонӣ зери таъсири андешаҳои ифротӣ қарор гиранд. Аз ин рӯ, ташаккули ҷаҳонбинии солим ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар байни донишҷӯён аҳамияти махсус дорад. Таъкид карда шуд, ки имрӯз муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар пешгирии терроризм ва экстремизм нақши калидӣ мебозанд. Тавассути баргузории ҳамоишҳо, вохӯриҳои маърифатӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ метавон донишҷӯёнро бо оқибатҳои хатарноки терроризм ва экстремизм, роҳҳои пешгирии ҷалб шудан ба чунин гурӯҳҳо ва масъулияти ҳуқуқии шаҳрвандон шинос намуд. Хусусан барои донишҷӯёни шуъбаи ғоибона чунин чорабиниҳо воситаи муҳимми баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ба шумор мераванд. Дар кори ҳамоиш муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи Донишгоҳ Воҳидзода Фирӯз суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки муқовимат бо терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи давлат ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки масъулияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Танҳо бо роҳи маърифат, дониш, эҳтиром ба қонун, арзишҳои миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон амнияти ҷомеаро таъмин намуда, насли ояндаро аз таъсири ғояҳои ифротӣ ҳифз кард.