ДАРСИ КУШОДИ ДОТСЕНТ ШАРИФӢ ҶУРАБЕК

10

Санаи 19 ноябри соли 2026 дарси кушоди н.и.ф-м., дотсенти кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Шарифӣ Ҷ.Г. аз фанни усулҳо ва воситаи ченкуниҳои гидрометеорологӣ бо донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси 1-31020102 – гидрометеорология ва климатология дар мавзӯи «Муайян намудани суръат ва самти шамол» баргузор гардид.Дар рафти дарс дотсент Шарифӣ Ҷ.Г. масъалаҳои асосии мавзӯъро шарҳ дода, ба моҳияти усулҳои чен кардани шамол дар майдончаи метеорологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.Аз ҷумла, ба донишҷӯён фаҳмонида шуд, ки чи гуна шамол пайдо мегардад ва онро чи гуна муайян мекунанд.Бо мақсади санҷиши сатҳи дониш ва мустаҳкам намудани маводи таълимӣ ва бо слайдҳо омӯзгор самаранок истифода бурд.Дар дарси кушод Раиси шурои илмӣ-медодии факултети физика, н.и.ф-м, дотсент Истамов Ф.Х., мудири кафедраи физикаи ҳаста, н.и.ф-м., дотсент Авази М. , ва н.и.ф-м., дотсенти кафедраи оптика ва спектроскопия Файзизода М.Р. иштирок намуданд.Дар маҷмӯъ, машғулият дар сатҳи хуби илмӣ ва методӣ баргузор гардида, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии донишҷӯён мусоидат намуд.