Дар доираи “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030” дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони “Ҷавонони огоҳ — кафили давлати ҳуқуқбунёд” баргузор гардид.
Сухани ифтитиҳиро декани факултет, дотсент Қодирзода З.А. оғоз намуда, зикр кард, ки мақсади асосии ҳамоиш баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва рушди тафаккури ҳуқуқбунёд миёни донишҷӯён мебошад.
Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои муҳимми вобаста ба тарбияи ҳуқуқӣ, эҳтироми қонун, нақши ҷавонон дар ҷомеаи муосир ва мавқеи онҳо дар таҳкими давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҳамоиш Сайфуддинзода Фирӯза Сайфуддин, ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии мукоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба аҳаммияти баланд шудани сатҳи огоҳии ҳуқуқии ҷавонон ва нақши онҳо дар пойдории давлатдории ҳуқуқбунёд суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, Иброҳимзода Шамсиддин Ҳисайн – ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии мукоисавӣ дар бораи зарурати ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар ҷомеа, такмили донишҳои ҳуқуқии насли наврас ва нақши институтҳои таълимӣ дар ин раванд суханронӣ намуд.
Дар анҷом таъкид гардид, ки иштироки фаъолонаи ҷавонон дар раванди омӯзиш ва риояи қонунҳор омили асосии рушди соҳаҳои мухталифи кишвар буда, ҷавонони огоҳ метавонанд ҳамчун неруи созанда барои рушди устувори ҷомеа хизмат намоянд.










