
Дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ -назариявӣ дар мавзуи “Конститутсия – бахтномаи миллат” бо иштироки устодон ва донишҷўёни факултет баргузор гардид.
Семинари илмӣ – назариявиро декани факултет Қодирзода Зафар ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуд. Зикр кард, ки воқеан Конститутсия санади олии қонунгузори дар кишвар маҳсуб меёбад. Конститутсияи нави кишвар 6-уми ноябари соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Сипас Абдуаҳадзода Собирҷон – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзуи “Конститутсия – сарчашмаи асосии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъруза намуд.
Дар идома Шарофиддинов Суҳроб Саломович-номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедари таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ дар мавзуи “Конститутсия- санади тақдирсози миллати тоҷик” маъруза кард.








