КОРРУПСИЯ – ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

25

Тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултетети физика ҷиҳати татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (Фармоним Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3- августи солит 2022, №222) ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб» дар факултети физикаи Донишгоҳ баргузор гардид.Зимни суханронӣ декани факултет, н.и.ф-м., дотсент Қодирзода З.А., иброз дошт, ки имрӯзҳо яке аз проблемаҳои замони муосир ин мубориза бо коррупсия мебошад. Мубориза ва муқовимат бо фасод ё худ коррупсия амалӣ дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд. Ҷиҳати муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва решакан намудани он борҳо роҳбарияти олии мамлакат таъкидҳои судманд намуда буданд. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26-уми январи соли 2021 таъкид доштанд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».Зимнан дар кори семинар устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон н.и.ҳ., муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо корупсия Камолов Хуршедулло ва ассистент Воҳидзода Фирӯз суханронӣ намуданд.Таъкид гардид, ки коррупсия амали номатлуби ниҳоят хатарноки ҷомеа буда, дар пешрафти давлат хатари ҷиддӣ ба бор меорад. Имрӯз зарур аст, ки ҳар фарди ҷомеа дар пешгирии ин амали номатлуб саҳм гузорад.