Санаи 15 ноябри соли 2024 маҳфили инфиродии профессор Ақдодов Д.М. таҳти унвони «Физикдон» баргузор гашт. Дар маҳфил донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 1-31040103 – физика, Маҳмадқулова Зуҳро дар мавзӯи «Ҷараёни электрӣ дар моеъҳо. Электролиз» маърӯза намуд. Дар марӯзаи худ Маҳмадқулова Зуҳро оид ба ноқилҳои ҷинси якум ва дуюм, ҷараёни электрӣ дар моеъҳо, электролиз ва татбиқи он маълумоти муфассал дод. Дар хотима ба донишҷӯ Маҳмадқулова Зуҳро саволҳои иловагӣ дода шуд. Донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.