Маҷлиси васеи Шурои кураторони факултети физика

107

Рӯзномаи маҷлис:

 1. Таъин намудани сарпарастон дар курсҳои якум ва ба онҳо шиносои намудани сохтори факултет ва донишгоҳ

 2. Аъзо намудани донишҷӯёни курсҳои якум ба Китобхонаи миллӣ

 3. Гузоштани соатҳои тарбиявӣ дар ҷадвали дарсӣ

 4. Огоҳ намудани донишҷӯён оид ба сессияи тирамоҳӣ

 5. Ҷамъоварии маълумотҳои пурра дар бораи ҳамаи донишҷӯёни  гурӯҳҳои акдемӣ ва гузаронидани суҳбатҳои телефонӣ бо валидайни онҳо

 6. Қайди мавзӯъҳои соатҳои тарбиявӣ дар журналҳои гурӯҳҳои акадимӣ.

 7. Роҳҳои баланд бардоштани тарбияи маънавию ахлоқии донишҷӯён дар раванди таълим

 8. Масъалаҳои ҷорӣ.

Маҷлиси васеи Шурои кураторони факултети физика бо садорати факултети физика оид ба мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани тарбияи маънавию ахлоқии донишҷӯён дар раванди таълим” дар факултети физика санаи 29. 08. 2024 соати 0900 дар аудиторияи 206 гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки барои кушода шудани маҷлиси васеи Шурои кураторони факултети физика декани факултети физика н.и.ф.-м., Қодирзода З.А. ҳусни оғоз бахшиданд ва шахсони масъули факултет бо кураторон маҷлисро давом доданд.

Дар маҷлиси васеи Шурои кураторони факултети физика таъкид гардид, ки нимсолаи якуми соли хониш аз 1-уми сентябри соли 2024 оғоз мегардад. Дар ин муддат дарсҳои тарбиявӣ мувофиқи ҷадвали дарсӣ дар тамоми гурӯҳҳои академӣ бояд гузошта шаванд. Навбатдорӣ дар бинои таълимӣ ва хобгоҳҳо аз рӯйи ҷадвали тасдиқшудаи садорати факултет амалӣ гардонида шавад. Дар факултет 34 гурӯҳи академӣ фаолият дорад, ки ба ҳамаи онҳо сарпарастон вобаста карда шуд. Тарбияи фарзанд муҳимтарин рисолаи волидайн ба ҳисоб рафта, аз нахустин рӯзҳои тавлиди инсон оғоз меёбад. Ташаккули шахсият дар муҳити хонавода, таълимгоҳҳо ва хешовандони наздик шурӯъ мешавад. Аз ин рӯ мебояд волидайн нисбат ба ояндаи фарзандони худ бетарафӣ зоҳир накарда, бо омӯзгорони онҳо ҳамкории зич дошта бошанд. Танҳо дар ин сурат метавон насли наврасро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намуд ва ояндаи дурахшони Ватанро аз фаъолияти пурсамари онҳо интизор шуд. Ҳарчанд таълиму тарбия бо ҳам тавъам бошанд ҳам, аз таълим дида тарбия душвортар аст. Албатта парастории донишҷӯёнро пурра ба дӯши волидайн ва омӯзгор гузоштан ҳам хатост, аслан барои тарбияи насли наврас худи ҷомеа низ саҳмгузор бояд бошад. Яъне, дар якҷоягӣ метавонем ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем.

Дар факултети физика ҳамасола бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо иштироки сарпарастони факултет, шахсони масъул ва волидайн корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Воқеан таълиму тарбияи хуби фарзанд аз оила шурӯъ мегардад ва дар натиҷаи ҳамкории волидайн бо омӯзгорон сайқал меёбад. Равшан аст, ки савод, ақл ҷаҳонбинӣ омили азхудкунии ҳар гуна ҳунарҳост.

Дар кори таълиму тарбия падару модар нақши меҳвариро мебозанд. Падару модаронро мебояд, ки ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандони худ беаҳамият набошанд, бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкориро хуб ба роҳ монанд ва дар дарсҳои фарзандонашон иштирок карда, аз фаъолияти онҳо бохабар шаванд. Устодонро мебояд ҳамарӯза оиди рафтору кирдони донишҷӯёни худ ва дар бораи иштироки ҳамарӯзаи онҳо бо волидайни онҳо суҳбатҳо гузаронанд.