“ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”- ОМИЛИ КАЛИДӢ БАРОИ ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ИЛМҲОИ ДАҚИҚ

273

Яке аз вазифаҳои асосии илму дониш бартараф кардани мушкилоти инсонҳо ва фароҳам овардани зиндагии хубу осон тавассути кашфиёт, навовариву фанновариҳо мебошад. Иқтидори илмии давлат сатҳи рақобатпазирии потенсиали кишварро дар сатҳи байналмилалӣ ва дар дохили кишвар таъмин намуда, сифати зиндагии шаҳрвандонро беҳтар менамояд. Сарчашмаи кашфиёту навоварӣ рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ба ҳисоб меравад.

Барои боз ҳам рушди ин илмҳо шароити хуби таълимӣ, яъне дар мактабҳои миёна, коллеҷҳо, инчунин донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат озмоишгоҳҳои таълимиву илмии замонавӣ зиёд карда шавад, то хонандагон ва донишҷӯён тавонанд, ки дар баробари омӯзиши ҷанбаи назариявии мавзуъ, тарзи таҷрибавӣ аз худ намуда, дар амал бо дасти худ иҷро намоянд. Дар ин баробар, мутахассиси хубу донишманд, омӯзгори асил ва кордон зарур аст, ки тавонад диққати хонандаро ба омӯзиш ҷалб карда, ба саволҳояшон ҷавобҳои дақиқ диҳад ва онҳоро роҳнамоӣ кунад.

Яке аз роҳҳои дарёфти чеҳраҳо ва мутахассисони хуб барои оянда баргузории олимпиадаҳо, семинарҳои илмӣ, озмунҳои гуногуни фаннӣ дар сатҳи мактабӣ, ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ буда метавонад. Инак, соли 3-юми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор карда мешавад, ҷамъбаст гардид. Дар арафаи баргузории даври чоруми ин озмун бо ду се нафар хонандагони мактаби миёна мухтасар аз рафти омодагӣ то ин давр, барору нокомиҳо, иштибоҳҳо, бовариҳо, суҳбат намудам.

Аз суҳбат бо хонандагон хулоса кардам, ки барои расидан то ба ин давр хонандагон бисёр кӯшиш намуда, меҳнати зиёде кардаанд ва умед ба ғолибият доранд. Бурду бохти масоили марбут ба таълиму тарбияи хонандагон ба омӯзгори муваффақ вобастагии қавӣ дорад. Барои боз ҳам хубтар иҷро гаштани фаъолияти хеш омӯзгор бояд омодагии касбӣ дошта бошад. Ӯ бояд дар раванди фаъолияти доимии худ бо як қатор барномаҳое, ки ниҳодҳои дахлдор онҳоро омода месозанд, ошно гашта, тамрин кунад.

Муваффақияти омӯзгор дар ҳаёти умумии худ ва фаъолияти омӯзгориаш то як андоза ба омодагии умумии илмӣ вобастагии зич дорад. Бо тамоми ин имкониятҳо омӯзгор метавонад, ки шогирдонашро аз фалсафаи ҳаёт, мубориза алайҳи мушкилоти он кумак намояд. Хонандагон низ дар навбати худ бо ин роҳ барои тараққиёти ҷомеа метавонанд саҳмгузор бошанд. Аз ин сабаб маърифатнокӣ ва маълумоти умумӣ дар ҳар боб бояд ҷузъи асосии барномаҳои тайёрии касбии омӯзгор бошад. Вале набояд фаромӯш кард, ки шароити хуби таълимӣ низ яке аз роҳҳои асосии рушди хонанда ба ҳисоб меравад. Дар оғози матлаб, ки дар бораи роҳҳои дарёфти чеҳраҳо ва мутахассисони хуб ибрози ақида намуда будем, дар давом кушиш мекунем яке аз роҳҳо, ки баргузории озмунҳо, мисоли озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” фикру андешаронӣ кунем. Тули 3-сол аст, ки дар баробари дигар озмунҳо Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Беҳуда нагуфтаанд майдон аз далер аст ва Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар ҳақиқат майдонест, ки хонандагону донишҷӯён, ихтироъкорону навоварони кишварро дар сатҳи баланд ба мардум муаррифӣ мекунад. Дар озмуни мазкур тамоми хонандагон, ихтироъкорону навоварон ҷамъ шуда, барои ғалаба кӯшиш карда, бо ҳамдигар мубодилаи донишу таҷриба мекунанд, ки ҳамаи ин албатта барои камолоти илмии ҳар як иштирокчӣ метавонад саҳмгузор бошад.

Аз таҷрибаҳо маълум аст, ки яке аз роҳҳои асосии завқманд кардани хонанда ин қадрдонии ӯ ба ҳисоб меравад. Сохтори озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” чунон ба назар гирифта шудааст, ки барои иштирокчӣ ва ғолибон ва шинохти онҳо шароити хуберо муҳайё намудааст. Масалан хонандае, ки дар ин озмун соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегардад, метавонанд, бе супоридани имтиҳон ба дилхоҳ ихтисосҳои донишгоҳҳои кишвар ба таври ройгон дохил шавад ва дар баробари ин нафароне, ки то даври ҷумҳуриявӣ рафтаанд, метавонанд, аз рӯи ихтисосҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ ба таври буҷавӣ донишҷӯ гарданд. Имкони дигари иштирокчиён ва ғолибон дар ин озмун соҳиби маблағҳои хуб гаштани онҳо мебошад. Яъне, барои дарёфти ҷойи якум 35 000 сомонӣ, ду ҷойи дуюм ҳар яке 25 000 сомонӣ ва се ҷойи сеюм ҳар яке бо 15 000 сомонӣ қадрдонӣ мегарданд. Ҳамчунин омӯзгороне, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, ба гирифтани унвони “Аълочии маъориф ва илм”, инчунин маблағ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Инчунин роҳбарони ҳар муассисаи таълимӣ, роҳбарони ҳар шаҳру ноҳия ғолибонро аз рӯи имконияташон ҳавасманд мекунанд. Албатта ҳамаи ин имкониятҳое, ки фароҳам оварда шудааст барои пешрафт, рушд ва тавсеаи донишу ҷаҳонбинии хонандагони мо таъсири хуб мерасонад ва хонандагони ҷасур, босавод ва қавӣ дар охир муваффақ мегарданд. Агар ин хонандагон дар оянда таҳсили худро дар донишгоҳҳо дар самти илмҳои табиатшиносию техникӣ давом диҳанд мутахассиси хубу муваффақ гардида, саҳми худро дар рушди давлату миллат мегузоранд.

Ҳодиев М.Ҳ-мудири кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ