ЗИНДАГӢ ШИРИН ШАВАД АЗ МАҚДАМАШ…

173

Бар даргаҳи илму адаб, хуш омадӣ, эй Пешво,

Бахшидаӣ бар мо тараб, хуш омадӣ, эй Пешво.

Аз файзи ташрифи Шумо, пурнур донишгоҳи мо,

Чун Хуршеди ҷилвагар, хуш омадӣ, эй Пешво.

Дар таърихи 1-уми декабри соли ҷорӣ дар толори калони бинои асосии ДМТ ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Кори қалам” баргузор гардид, ки дар он китоби тозанашри ректори донишгоҳ, профессор Хушвақтзода Қ.Х таҳти унвони “Ташрифоти Пешвои миллат ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” ки ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таълиф гардидааст, рӯнамои шуд. Дар ин ҳамоиш аҳли раёсат, ҳайъати професорону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Бояд тазаккур дод, ки чунин китоб бо чунин ном бори нахуст аз ҷониби ректори донишгоҳи рақами як дар ҷумҳурӣ нашр гардид, ки боиси хушнудӣ ва сарбаландии ҳамаи мост. Ин иқдом бори дигар донишгоҳи рақами як будани Донишгоҳи миллиро собит намуд. Дар тӯли фаъолияти донишгоҳ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 маротиба ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварданд, ки ҳар ки онҳо дар рушди донишгоҳи азизамон саҳми муборизро гузоштанд. Аз ин рӯ мо бо сари баланд гуфа метавонем, ки ин боргоҳи илму маърифат мавриди таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии кишвар қарор дорад.

Мо устодон ва кормандони донишгоҳ вобаста ба эътимоди Роҳбари давлат баҳри пешрафту шукуфоии кишвари азизамон фаъолиятамонро афзун менамоем.

Шонздаҳ маротиб гаштаӣ меҳмони даргоҳи хирад,

Ин нест охир бесабаб, хуш омадӣ, эй Пешво.

Нахустин ташрифи Пешвои муаззами миллат ба Донишгоҳи миллӣ 7декабри соли1993 буда бо устодон ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва техникумҳои пойтахт мулоқот намуданд. Дар ин мулоқот Пешвои миллат барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим шароити хуби хобгоҳҳо, зиёд кардани стипендияҳо ёдовар шуданд. Ҳамчунин дар ин ташрифот Пешвои миллат даъват ба амал оварданд, ки дар ин марҳилаи ҳасос қишри зиёии ҷомеа бояд барои дарёфти роҳи ҳалли осоиштагӣ, сулҳу субот, оромии ҷомеа бетараф набошанд. Боиси тазаккур аст, ки хизмати Пешвои миллат ҷиҳати таъмини сулҳу оромӣ дар кишварамон боиси таҳсину офаринҳаст. Шоир барҳақ фармуданд:

Талх то ширин шавад, ӯ нешҳоро нӯш кард,

Бори вазнини замони нангро бар дӯш кард.

Бо муҳаббат кинадори хешро оғӯш кард,

Оташи ҷанги ватансӯзандаро хомӯш кард.

Ташрифоти минбаъдаи Президенти кишвари азизамон боиси он гардид, ки заминаҳои моддию техникии донишгоҳ вусъат ёфта биноҳои нави таълимӣ қомат афрохтанд. Махсусан, 1-уми сентябри соли 2010 ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ҳамгоми ифтитоҳи биноҳои нави таълимии факултетҳои физика, биология, механикаю математика ва геология хотирмон аст, ки дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ риёзӣ заминаҳои мусоид гузоштанд.

Китоби мазкур саҳифаи дурахшони таърихи донишгоҳ ба шумор рафта, муаллифи он кӯшишба харҷ доданд, ки ҳар як ташрифи Ҷаноби Олиро воқебинонаю ҳадафмандона рӯи оғоз оварда хонандаи арҷмандро аз аҳамияти илмию тарбиявии он шинос намояд.

Илму маорифпарварӣ, з-ин рӯ дурахшон кишварам,

Ҳам фахру ҳам фаррухи мо, хуш омадӣ, эй Пешво.

Дар сиёсати иҷтимоии Президенти кишвар беҳ наудани шароити зисту меҳнат мавқеъи хоса дорад. Аз ин рӯ сохтмони хобгоҳҳои нави замонавӣ барои донишҷӯён марҳалаи навбатии ташрифи Пешвои муаззами милат ба донишгоҳ буд. Ба истифода додани маҷмааи нави варзишӣ дар “Шаҳраки донишҷуён “, оғози “Маркази саломатӣ “ аз қудуми мубораки ин абармарди хирад сарчашма мегирад. Истифодаи китоби мазкур, ки на танҳо дар ҷараёни дарсҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани ватандорию худогоҳӣ истифода мешавад, балки воситаи арзишманди илмию таҳҳтиқотӣ низ ба шумор меравад. Ректори мӯҳтарами донишгоҳ ба нашр намудани чунин як китоб тавонистанд, ки баяк ҷуръати ҷавонмардию сарбаландӣ аҳли зиёи мамлакатро бо нақши боризи Пешвои муаззами миллат дар рушди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ошно созанд.

Ҷавонмардҳо, ҷавонмардӣ биёмӯз,

Зи мардони ҷаҳон мардӣ биёмӯз.

Солиҳов Д.Қ.- профессори кафедраи физикаи назариявӣ,

Қодирзода З.А. – декани факултети физикаи ДМТ