«ШОҲНОМА» ВА АҚИДАҲОИ ВАТАДӮСТИЮ ПАНДУ АХЛОҚӢ

268

Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронашон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ин буд, ки дастур доданд, ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдоди хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас карда шавад.

Ҳамзамон Сарвари давлат дар идомаи суханронӣ таъкид намуданд, ки «ман дар мулоқоту суханрониҳои худ ҳанӯз аз оғози фаъолиятам ба ҳайси Роҳбари давлат борҳо иброз дошта будам, ки мо бояд кӣ будани аҷдодамон ва худамонро донем, яъне решаҳои худро шиносем, ба онҳо арҷ гузорем ва аз насли ориёӣ, яъне ориёитабор буданамон ифтихор намоем».

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди захираи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп гардида, дар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оила дастрас гардида буд.

Бояд гуфт, ки асари безаволи “Шоҳнома”-ро шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар муддати беш 30 сол навиштааст. Ин асар бузургтарин шохасари ҷаҳон дониста мешавад.

Фирдавсии бузург барои эҷод намудани «Шоҳнома»-и худ умри зиёдаашро сарф карда соли 401ҳичри /1010 милод онро ба итмом расонидааст. Асар аз муқаддима ва чаҳор қисми асосӣ иборат аст.

Достон тақрибан 60 ҳазор байтро дар бар мегирад. Ғояи асосии ин асар даъвати халқ ба якдилӣ, тарғиби шоҳ ба некӣ кардан ба аҳли меҳнат, омӯхтани илму ҳунар ва ғайраҳост.

Абулқосим Фирдавсӣ соли 935 дар деҳаи хушманзараи Божи вилояти Тӯси Хуросон ба дунё омадааст. Мероси адабии шоир «Шоҳнома»-и безавол буда, достонҳои зиёдеро фаро гирифтааст.

Ин асари бузург дорои 60 ҳазор байт буда, дар давоми 30-35 соли ҳаёти ӯ эҷод карда шудааст. Шӯҳрату эътибори Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ хеле бузург буда, дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҳамчун асари қаҳрамониву асоси шӯҳрати ҷовидонӣ касб намудааст. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и худ ба мавзӯъҳои пандуахлоқӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, некиву накӯкорӣ, ростиву ростгӯйӣ, донишу хирад, танқиди ҷаҳолат ва ситамкорӣ, ҳифзи ватан ва муҳаббат ба он аҳамияти бузург будааст.

Ба ақидаи Абулқосим Фирдавсӣ, некиву накӯкорӣ яке аз хислатҳои наҷиби неки инсонӣ ба шумор меравад. Ӯ ба аҳли башар тавсия медиҳад, ки ба ҳамдигар меҳрубон бошанд ва ба якдигар танҳо некӣ кунанд. Зеро амали неки ҳар як шахс ҷовидонӣ аст:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Фикру андешаҳои ватандӯстӣ дар «Шоҳнома» мавқеи муҳим дорад. Ҳар як инсон ҳамчун шахси ватанпарвару ватандӯст бояд барои муҳофизати марзу буми кишвару ватани худ ҳамеша омода бошад:

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,

Ҷавонони шоистаи корзор.

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Абулқосим Фирдавсӣ дар таълифи «Шоҳнома» зиёда аз си соли умри худро сарф кард.

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Чу тухми суханро парокандаам.

Ҳиссаи меҳнатҳои эҷодии Абулқосим Фирдависиро дар рушди забону фарҳанги тоҷикон басо назаррас аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида ба васфӣ ӯ китобхона, куҷаҳоро номгирӣ кардааст. Инчунин ҳайкали Фирдавсӣ дар боғи миллии шаҳри Душанбе мавҷуд аст, ки шаҳодат аз ин гуфтаҳост. Бояд гуфт, ки дар асоси шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ филмӣ тоҷикӣ бо номи «Рустаму Суҳроб» соли1971 ва Сиёвуш соли1976, ба забони точики аз тарафи студияи Точикфилм ба навор гирифтан шудааст.

Абулқосим Фирдавсӣ ва асари безаволи ӯ «Шоҳнома» дар таърихи тамаддуни башарӣ шуҳрати беандоза дорад. Таълифи «Шоҳнома» дар асри Х худ як воқеаи бузурги адабӣ ва мадани ба шумор меравад. Шоир дар асари худ беҳтарин хислатҳои писандидаи одами, мисли хираду хирадманди, некию накӯкорӣ, инсондӯстию ватанпарвари ва ғайраро тараннум намуда, ахлоқи бади одамиро маҳкум мекунад, ки дар рӯзгори мо барои тарбияи ҷавонон аз аҳамият холи нест. Ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдоди хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас карда мешавад

Абулқосим Фирдавсии бузургвор зиёда аз сӣ соли умри азизашро барои офарида- ни ин китоби нодир сарф намудааст.
Бо ин тариқа матни «Шоҳнома» дар даҳ ҷилди зерин ба хонандагон тақдим карда шуд:

Пай афкандам аз назм кохи баланд
Ки аз боду борон наёбад газанд
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам
Ки тухми суханро парокандаам
Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,
Пас аз марг бар ман кунад офарин.

Абулқосим Фирдавсӣ донишро меҳвари тарбия медонад ва талқин мекунад, ки хирад ва дониш раҳнамои инсон бояд бошад. Дар афкору ақидаҳои педагогии Абулқосим Фирдавсӣ масъалаи омӯхтани касбу ҳунар мавқеи назаррасеро ишғол менамояд. Ба ақидаи ӯ, сарчашмаи хушбахтии инсон дар масъалаи гуфтору рафтор ду чизро ҷовид медонад. Сухану гуфтори нек ва дигаре номи нек: баробари андӯхтани дониш омӯхтани касбу ҳунар мебошад:

Абулқосим Фирдавсӣ ваҳдату ягонагӣ ва дӯстиву бародариро аз муҳимтарин хусусиятҳои тарбияи ахлоқӣ медонад. Вай мардум, махсусан ҷавононро ба дӯстию ваҳдат талқин намуда, изҳор менамояд ки танҳо бо ваҳдату дӯстӣ инсон ба асли матлаби худ расида метавонад:

Ин андешаи шоир дар замони мо арзишу аҳамияти хосса пайдо карда, дар тарбияи ахлоқии ҷавонон метавонад таъсири бузург расонад. Ҳамин тариқ, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ саропо иборат аз андешаву афкори ахлоқиву тарбиявӣ буда, омӯзиши ҳамаҷонибаи он имкон фароҳам меорад, то пешниҳоду тавсияҳои шоир дар рушди ахлоқи ҷомеаи имрӯза таъсир расонад.

Ҳар он кас, ки «Шоҳнома»-хонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.

Хулоса, аз эҷод намудани достонҳои «Шоҳнома» муддати зиёде гузашта бошад ҳам, то имрӯз ин асари бузург аҳамияти тарбиявии ахлоқии худро гум накардааст. Ҳаминро бояд таъкид намуд, ки «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар рӯзгори мо барои тарбияи насли имрӯза, бахусус ҷавонон, аҳамияти хоса дорад.

Давлатҷонова Шукуфа Хуҷамбердиевна- н.и.ф.м., мудири озмоишгоҳҳои кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ