МАҲФИЛИ КВАНТ

141

Санаи 02.12.2023 дар факултети физикаи ДМТ маҳфили «Квант» баргузор гардид. Дар маҳфил маърузаи донишҷӯи соли 3-юми ихтисоси 1-31040103 – физика, Маҳмадбегов Масрур дар мавзӯи «Назарияи нисбияти Эйнштейн» шунида шуд. Моҳияти назария дар он аст, ки ҳамаи ҳодисаҳои коинот дар системаи координатаҳои чорченака ба амал меоянд. Сетои онҳо фазоӣ ва чорумӣ вақт мебошанд. Ҷисмҳо бо массаҳои худ каҷшавии метрикаи ин фазои чорченакаи Эйнштейнро ба вуҷуд меоранд. Дар охири маҳфил миёни маърӯзачи ва иштирокчиён мубоҳисаи илмӣ баргузор гардид.