ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ – РАМЗИ ДӮСТИВУ ҲАМДИЛӢ

140

Яке аз ҳадафҳои илму дониш бартараф кардани мушкилоти инсонҳо ва фароҳам овардани зиндагии хубу осон тавассути кашфиёту навовариву фанновариҳо мебошад. Иқтидори илмии ¬давлат сатҳи рақобатпазирии потенсиали кишварро дар сатҳи байналмилалӣ ва дар дохили кишвар таъмин намуда, сифати зиндагии шаҳрвандонро беҳтар менамояд. Дар ҷаҳони муосир яке аз нақшҳои асосиро дар пешрафти илму дониш муносибатҳои илмӣ-тадқиқотӣ, фарҳангию иқтисодии байналмилалӣ бозида, дараҷаи рушди иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад. Бесабаб нест, аксари давлатҳои пешрафта инкишофи ҳамкории илмиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ гузоштаанд. Натиҷаи хуби илмӣ ва барқарор намудани ин натиҷаҳо дар истеҳсолот боиси рушди саноат, иқтисодиёт ва фарҳанг мегардад. Яке аз самтҳои афзалиятноки рушди кишвари мо дар ҷаҳони имрӯза дар пояи дониш бунёд намудани ҷомеаи пурқудрат мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафи бунёдӣ, ба таври доимӣ баланд баровардани сатҳи таҳқиқоти илмӣ ва касбияти олимони ҷавони рақобатпазир, ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои намоёни давлатҳои пешрафта нақши асосӣ мебозад. Дар натиҷаи кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев решаҳои дӯстии мардумони тоҷику узбек боз ҳам мустаҳкамтар гардида, муносибатҳои илмию фарҳангӣ миёни ду давлат дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуд. Хушбахтона имрӯз Тоҷикистону Узбекистон бо мақсади пешрафти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол ва беҳтар гардидани некӯаҳволии мардум ҳамгироии васеъи иқтисодҳои миллиро роҳандозӣ намудаанд. Яке аз самтҳои муносибатҳои асосии миёни ин ду давлат пойдор гардидани равобити илмӣ мебошад, ки мисоли он шартномаҳои тарафайни ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо дар байни устодон ва кормандони ин ду боргоҳи илм чорабиниҳои илмӣ, нашри маводи таълимию методӣ ва илмӣ ба нақша гирифта шудааст. Устодон ва кормандони факулети физика бахусус устодони кафедраи оптика ва спектроксопия ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотиро бо устодони кафедраи оптика ва спектроскопияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов хуб ба роҳ монда дар муддати кӯтоҳ иқдоми некеро пеш гирифтанд. Устодони ин ду донишгоҳ зимни ҳамкории муштарак барои зинаи бакалавраит аз рӯи тахассусҳои физика, астрономия, техника, инчунин барои шавқмандони соҳаҳои марбут ба физика ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон китоби дарсии «Оптика»-ро таълиф намуданд. Ба ҷуз ин, дар ҳаммуаллифӣ бо олимони шинохтаи хориҷӣ дар маҷаллаи бонуфузи илмии пойгоҳҳои Scopus ва Web of Science се мақолаи илмӣ ба нашр расид. Нашри ин китоб ва чопи мақолаҳои илмӣ самараи муносибатҳои дӯстона ва натиҷаи ҳамкориҳои устодони факултетҳои физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд буда, барои боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкориҳои илмӣ ва инчунин, таълифи адабиёти таълимӣ миёни олимони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қадами устуворе гузошт. Дар тӯли барқарор гардидани муносибатҳо миёни ин ду давлат ва дар доираи нақша-чорабиниҳои факултети физика ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ устодон ва кормандони кафедраи оптика ва спектроскопия якчанд маротиба ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд барои коромӯзию мубодилаи таҷриба, иштирок дар конфронсҳо сафарҳо кардаанд. Дар оянда нақша ҳаст ин ҳамкориҳо боз ҳам вусъат ёбанд. Имрӯзҳо кафедраи оптика ва спектоскопия бо як қатор муассисаву донишгоҳ ва пажӯҳишгоҳҳои илмии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Украина, Белоруссия, Ӯзбекистон, Тунис, Арабистони Саудӣ, Юнон ва як қатор муассисаҳои ҶТ робитаҳои зичи илмӣ ба роҳ мондааст. Умед аст дар оянда ин ҳамкориҳои илмӣ натиҷа ва самараи хуб медиҳанд.

Мудири кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ н.и.ф.м, дотсент Ҳодиев М.Ҳ.