ОМӮЗИШИ СИТОРАҲОИ ТАҒЙИРЁБАНДА ДАР ТОҶИКИСТОН

268

Астрономия дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои Осиёи Миёна таърихи қадима дорад. Тасаввуротҳои мардуми қадими сарзамин доир ба Кайҳон дар китоби муқаддаси Авесто оварда шудаанд [1]. Олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ва Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иншооти астрономиеро дар Помири Шарқӣ ошкор намуданд, ки 2500 сол пеш сохта шудааст ва дар ҷаҳони имруза ҳамчун Стоунхенҷи Тоҷикистон машҳур аст. Дар замони Сомониён илм, аз он ҷумла таҳқиқотҳои астрономӣ вусъат ёфт. Аз ҷумла натиҷаҳои илмии фарзандони миллат Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абдураҳмони Суфӣ, Умари Хайём, Ибни Сино ва дигарон дар ҷаҳон маълуманд. Хизматҳои беҳамтои ин олимон ва пайравони онҳо замина гузошатнд, ки баъдтар мактаби машҳури астрономӣ дар шаҳри Самарқанд ташаккул ёбад [3].Астрономияи муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои сиюми асри XX оғоз гардид. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли 1932 дар пойтахти мамлакат Расадхонаи астрономии Тоҷикистон таъсис ёфт. Масъалаи ташкил намудани Расадхонаи астрономӣ дар Тоҷикистони Шуравӣ бо омадани экспедитсияи илмӣ аз Донишгоҳи давлатии Ленинград (ДДЛ) соли 1932 оғоз ёфт. Директори ДДЛ профессор С.Г. Натансон, инчунин ходими калони илмии Саррасадхонаи астрономии Академияи илмҳои СССР дар Пулково ва ходими илмӣ Д.О. Мохнач барои омўзиши иқлими астрономӣ мавқеъҳои гуногуни Тоҷикистонро омӯхтан, сафарбар карда шуда буданд. Бо пешниҳоди натиҷаҳои экспедитсия ва кушодани Расадхонаи астрономӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумат ва Кумитаи марказии ҳизби комунистии Тоҷикистон хуб қабул карда шуд. Дар асоси ҳисоботи профессор С.Г. Натансон бо қарори Шурои комиссарияти халқии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1932 Расадхонаи астрономии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳамчун базаи ҷанубии Расадхонаи астрономии Донишгоҳи давлатии Ленинград шуморида мешуд.Мақсади асосии Расадхонаи астрономии Тоҷикистон масъалагузории мушоҳидаҳои астрономӣ вабоста ба иқлими Тоҷикистон, мушоҳидаи ситораҳои тағйирёбанда, кометаҳо ва метеорҳо, инчунин бурдани корҳои таблиғоти байни мардуми муқимии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани маърифати илмӣ, шуморида мешуд. Аллакай дар соли 1933 аз тарафи ДДЛ як қатор асбобҳои илмӣ барои гузаронидани мушоҳидаҳои астрономӣ ҷудо шуд. Баъдан ин иқдомро Институти давлатии астрономии ба номи Штенберги назди Донишгоҳи давлатии Москва давом дод. Аввалин директори Расадхонаи астрономии Тоҷикистон астрономи машҳур – Игор Станиславович Астапович таъин шуда буд.Омӯзиши ситораҳои тағйирёбанда дар Тоҷикистон аз таъсисёбии Расадхонаи астрономии Тоҷикистон 13 ноябри соли 1932 оғоз меёбад. Тобистони соли 1933 барои мушоҳидаи ситораҳо аз Донишгоҳи давлатии Ленинград ба Тоҷикистон В.А Домбровский ва Л.Н. Радлова омаданд. Мушоҳидаи бевоситаи ситораҳои тағйирёбанда дар охири соли 1933 ба омадани профессор В.П. Тсесевич ба Тоҷикистон шурӯъ гардид. Тсесевич яке аз машҳуртари мушоҳидачиёни ситораҳои тағйирёбанда ба шумор мерафт. Ҳангоми омадани ӯ ба Тоҷикистон мушоҳидаҳои доимии ситораҳои тағйирёбанда оғоз ёфт ва “Хадамоти Анталголей” шурӯъ шуд. Бо Қарори 4-умин конференсияи умумииттифоқӣ мушоҳидаҳои ситораҳои тағйирёбанда ба уҳдаи астрономҳои Тоҷикистон вогузор карда шуд. Дар ин муддат кормандони бастии Расадхонаи астрономии Тоҷикистон аз ҳисоби мушоҳидачиёни касбӣ зиёд мегардид. Аз ҷумла бо омадани Г.А.Ланге, А.В.Соловйёв, С.М.Селиванов мушоҳидаҳои сефидҳои кутоҳдавр, метеорҳо ва кометаҳо вусъат ёфтанд.Яке аз натиҷаҳои назаррас ин кашфи ситораҳои нав соли 1936 дар бурҷи Рубоҳ аз тарафи Н.И. Гурйев ва соли 1945 дар бурҷи Уқоб аз тарафи А.В Соловйёв ба ҳисоб меравад. Яке аз далелҳои ҷолиб он аст, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ як қатор ситораҳои нав аксбардорӣ шуданд, ки баъдан онҳоро дар хориҷа кашф карданд.Дар соли 1938 омӯзиши ситораҳои тағйирёбанда шакли дигарро соҳиб шуд. Акнун мутахассисон ба мушоҳидаи фотографӣ гузаштанд. Ин кор бо иштироки Б.В. Кукаркин оғоз шуда, саршавии «хадамоти осмон» – ро асос гузошт. Масъалаи асосии ин хадамот аз он иборат буд, ки мушоҳидаи системавии фазои осмонро аз қутби шимол то 45° майли ҷануби аккосӣ кунанд. Ҳар як майдонча 144 градуси квадратиро дар бар мегирифт. Аз рӯи нақшаи таҳияшуда, дар ҳар як майдонча то 300 аксҳои фотографӣ гирифта шуда, баъдан дар озмоишгоҳ онҳо омӯхта таҳлил карда мешуданд. Ин хадамот дар тули фаъолити худ, то пош хурдани Иттифоқи Шӯравӣ фаъолият намуда, китобхонаи шишагини осмони ситоразорро, ки теъдоди фотолавҳаҳои шишагин то ба 70 000 мерасад, аксбардорӣ намуданд. Дар аксбардории «хадамоти осмон» саҳми А.В. Соловйёв, О.П. Василяновская, А.Я. Филин, К.А. Никитин, Г.Е. Ерлаксова ва дигарон назаррас аст.Тадриҷан зиёд гаштани маводҳои фотографӣ имконият фароҳам овард, ки аз соли 1940 сар карда ба таҳқиқи фотографии ситораҳои тағйирёбанда шурӯъ кунанд. Аз соли 1940 то 1949, 281 ситораи тайирёбанда таҳқиқ карда шуд, ки аз ин 72-и онҳо то ҳол омӯхта нашуда буданд. Аз ин миқдор ситораҳои тағйирёбанда 241-тои онҳоро А.В. Соловйёв омӯхта 11 ситораҳои нави тағйирёбанда ва 3 ситораи такроран навро кашф кард.Дар солҳои 50-уми қарни гузашта тавваҷуҳи бештар ба ситораҳои нав дода шуда буд, ки табиати чунин ситораҳо асрорангез буд. Гурӯҳи мушоҳидачиён соли 1935 маълумотҳои басо ҷолибро оид ба ситораи нав гирифта онро ба чоп расонида буданд. Чунин натиҷаҳо оид ба ситораи нав, ки аз тарафи Н.И. Гурйев соли 1936 кашф шуда буд, гирифта шуданд. Соли 1952 А.В. Соловйёв дар бурҷи Ақраб ситораи нав ва соли 1962 В. Сотиволдиев дар бурҷи Дубби Асғар ситораи нави дигарро кашф карданд.Ба истифода додани телескопи 40-см астрографи Тсейсс соли 1968 ва 70-см рефлектори АЗТ-8 соли 1970 дар Расадхонаи астрономии Ҳисори Институти астрофизикаи АМИТ мушоҳидаҳои ситораҳои тағйирёбандаҳои нисбатан камтаҳқиқ шуда оғоз гардид.Дар асоси теъдоди бештари ситораҳои тағйирёбандаи навъи Сефей, солҳои 1966-1967 тақсимоти сефейдҳо дар кураи Галактика ба ду зергурӯҳ муқарар карда шуд. Солҳои 1968-1971 ошкор карда шуд, ки ин ду зергурӯҳ ва ситораҳои гуногуни спектрии тағйирёбандаи фавқулазими навъи RV Сарв намои якхела доранд. Инчунин дар солҳои 1967-1968 ситораҳои тағйирёбандаи дароздавр зери омӯзиш қарор дода, ошкор карда шуд, ки тағйирёбии дурахшониашон ноором буда, дар ҳолати максимуми дурахшони таркишҳо мушоҳида мешавад. Ситораҳои ҷолиби тағйирёбанда бо усулҳои электрофотометрӣ аз тарафи Н.Н. Кисилёв ва спектрофотометрӣ аз тарафи Ю.В. Борисов гузаронида шуданд. Омӯзиши ҳаракати хусусии ситораҳои равшанро А.Я. Филин анҷом дод. Дар асоси ҳаракати саҳеҳи хусусии 18 Сефеидҳои классикӣ ва бо назардошти фурўбурди байнисторагӣ дар нимаи дуюми қарни бистум тавсифи муҳим барои муайян кардани миқёси мавофа дар Кайҳон – тасҳеҳ ба нуқтаи ибтидоии вобастагии “давр-дурахшонӣ” ошкор карда шуд.Аввалин маротиба падидаи афканиши қутбият (полиризатсия) дар қишрҳои газии тосайёравии ситораҳои тағйирёбанда ошкор карда шуд, ки ба Н.М. Шамаховский имконият дод, ки массаи пурраи қишрҳои газии ситораҳои тағйирёбанда муайян кунад. Маводҳои мушоҳидавӣ васеъ таҳлил карда шуда, якчанд навъи ситораҳои тағйирёбандаи набздиҳанда ба амсоли RV Сарв, Мир Кит ва делта Сипар омӯхта шаванд. Аз тарафи Б.Н. Иркаев ғайриякҷинсагии навъи ситораҳои тағйирёбанда муқарар карда шуд, чунин навъи ситораҳоро аз рӯи хати каҷи дурахшони, даври нопойдор, колориметрӣ, спектрӣ, кинематикӣ-фазогӣ ва умрӣ омӯхта шавад. В.С. Сотиволдиев ситораҳои тағйирёбанда дуруст ва нимдурустро дар Т – ассотсиатсияҳои ситорагӣ омӯхта, таснифоти онҳоро дар мисоли ситора навъи Т Ақраб пешниҳод намуд. Дар доираи назарияи мавҷӣ-зарбатӣ Б.Н. Батюшкова меделиронии усули муайян намудани радиуси ситораҳоро бо назардошти падидаҳои гиродинамикӣ дар атмосфераи онҳо истифода бурда, аввалин маротиба вобастагии “давр-радиус”-ро барои сефеидҳои насли дуюм муқаррар намуд.Бо истифодаи телескопи қудри оинааш 1 м дар Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох аввали солҳои 80-ум қарни гузашта, давраи нави таҳқиқотҳои кайҳонӣ оғоз гардид. Ба олимони тоҷик муаяссар гардид, ки омӯзиши ситораҳои тираро бо усулҳои фотометрӣ, поляриметрӣ, спектрӣ ба роҳ монанд. Дар ин навбат қобилияти тафриқаи телескоп шароит фароҳам овард, ки омӯзиши галактикаҳои ҳастаашон фаъол, ситораҳои дугоники рентгенӣ, манбаъҳои релятивӣ, ситораҳои ҷавони навъи Т Сарв ва Ае/Ве ҳербиг ба роҳ монда шавад. К.В. Тарасов ва Н.П. Редкина вобастагии хаттии поляризатсияи ситораҳои интихобшудаи навъи Т Сарвро аз дарозии мављ созанд, ки бори аввал майдон магнитии онҳо муайян карда шуд. Онҳо дар ситораҳои навъи Т Сарв лаппиши даврии дурахшониро дар муддати 3-10 сол ва 50-60 сол ошкор намуданд. Аз рӯи спектрӣ 108 ситораҳои пакана, азим ва фавқулазим Ю.В. Борисов меъёри таснифоти ҳароратии ситораҳои гурӯҳи спектрии F0-F7 коркард карда шуд. Аз тарафи ӯ баззаи маълумотҳо ва намунаи паҳноӣ ва умқи хатҳои фурубурд омода карда шуд.Аз тарафи Н.Х. Миниқулов ва Н.Н. Кисилёв дар ситораҳои навъи Ае Ҳербиг миқдоран зиёдшавии дараҷаи афканиши поляризатсия дар минимуми дурахшонии чунин ситораҳо ошкор карда шуд. Онҳо муқаррар намуданд, ки дар вақти гирифт ситораи чархзананда абри чангини атрофи ситораи асосиро рахшон мекунад. Чунин ҳодиса дар натиҷаи афканиши ситора аз қурси назди ситорагӣ рух медиҳад. Аввалин маротиба мавҷудияти абри газучангӣ дар ситораҳои ҷавони навъи Ае Ҳербиг ошкор карда шуд.Аввалин маротиба В.Ю Рањимов ва А.Н. Краснобоев дар телескопи 1 м усули ихроҷи моддаҳо ҳангоми афканиши галактикаҳои ҳастаашон фаъолро коркард карда, муайян карданд, ки нишондиҳандаи ранг ва қадри ситорагии онҳо ба реалӣ наздик мебошад. Онҳо дар асаоси мушоҳидаи манбаъи релятивии SS 433 бо филтрҳои UBVRI ва H-алфа, муқаррар карданд, ки абри ғафси газучангин аз қурси он берун ҷой дорад.Баъди истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси китобхонаи шишагини Институт, ки ҳамчун “Хадамоти осмон” маъмул аст бо теъдоди беш аз 70 000 фотолавҳаҳои осмони ситоразор, ки аз давраи аввали ташаккулёбии Институт гирифта шудааст, омӯзиши таърихии хати каҷи дурахшонии якчанд ситораҳои ҷавон, ба монанди FB Ҷаббор, V586 Ҷаббор, SV Сефей, CQ Савр CO Ҷаббор, UX Ҷаббор, SU Мумсикулинон ва AK Ақраб гузаронида шуд. Таҳлили спектрии фосилаҳои калони қаторҳо бо усули Диминг, ки дар ин ситораҳои тағйирёбанда даври тағйирёбии дурахшони ошкор карда шуд. Барои аксарияти онҳо даври лаппиши дурахшони дар фосилаҳои даҳҳо сол муаян карда шуд. Тахмин карда шуд, ки чунин тағйирёбии дурахшони дар ситораҳои ҷавон мавҷудияти абри зичи газучангин мебошад. Нимтири калони мадори ин абрҳои газучангин дар атрофи ситора муайян карда шуд, муқаррар карда шуд, ки онҳо аз маркази ситора дар масофаҳои даҳҳо в.а. дуртар мехобанд. Ин шаҳодати он аст, ки дар атрофи чунин ситораҳои ҷавон ташаккули абри сайёравӣ ба қайд гирифта шудааст.Омӯзиши сохтори абрҳои газучангин дар атрофи ситораҳои ҷавон метавонад, калиди муаммоҳоро оид ба фаҳмиши равнадҳои физикии бамалоянда ҳам дар ситораҳои ҷавон ва ҳам обрҳои сайёравии дар атрофи онҳо ташаккулёбанда диҳад. Мавҷудияти миқёсҳои бузурги ҷирмҳо, бо андозаи 0,5 в.а. ва аз ин зиёда дар ситораҳои ҷавони дорои чунин абри сайёравӣ будан, дар натиҷаи мушоҳидаҳои фотометрӣ, поляриметрӣ ва спектрӣ исботи худро ёбанд. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомоли Раҳмон соли 2016 телсекопи 1 м Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох баъди таъмиру таҷдид аз сари нав ба фаъолият оғоз намуд. Агар дар оинаи асосии он асбоби пурқуввати нимноқили барқӣ, бо асбоби тоҷнигори ситорагӣ ва ё спектрополяриметр, ки дар соҳаи инфрасурхи миёна ҳассос бошад, насб намоянд, пас бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки таҳқиқотҳо дар самти ситораҳо дар Тоҷикистон ба сатҳи дигар мегузаранд.

Абдулҷалол Сафаров,н.и.ф.-м., дотсент,мудири кафедраи астрономия