Боиси ифтихормандист, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон зери сарварии Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои муаззами миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон – доир ба рушди маориф ва илм, як зумра озмунњои љумњуриявиро ташкил намудааст. Дар ќабили озмунњои љумњуриявии “Тољикистон – ватанаи азизи ман”, “Фурўѓи субњи донои китоб аст” ва дар партави “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї, барои солњои 2020-2040) озмуни љумњуриявии “Илм – фурўѓи маърифат” барои дарёфти истеъдодњои нав басо сариваќтист.
Њангоми эълон намдуни озмуни љумњуриявии “Илм – фурўѓи маърифат” Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон иброз дошатнд, ки “Имрўз бе илму инноватсия, технологияњои иттилоотиву коммуникатсионї ва ташаккули љањонбинии техникї ќадаме ба пеш гузошта намешавад. Мо дар доираи рушди илмњои муосир саноатикунонии босуръати кишварро њадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, маќсад дорем, ки истифодаи технологияњои муосирро дар тамоми соњањои иќтисоди миллї густариш дода, тафаккури техникии ањолї, дар навбати аввал, љавононро таќвият бахшем, барои пешрафти илмњои бунёдї ва техникиву технологї фазои мусоид фароњам оварем. Мањз бо њамин маќсад мо солњои 2020-2040-ро бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиї, даќиќ ва риёзї эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иќдом ба рушди тафаккури техникї ва тавсеаи љањонбинии илмии љомеа такони љиддї мебахшад. Илова бар ин, зарур мешуморам, ки ба хотири боз њам бештар ба омўзиши илмњои риёзиву даќиќ ва табиї љалб кардани наврасону чавонон, олимону муњаќќиќон ва устодону омўзгорон њамасола озмуни љумњуриявї зери унвони «Илм – фурўѓи маърифат» гузаронида шавад”.
Ќайд кардан љойз аст, ки озмуни зикршуда аз рўи 7 номинатсия гузаронида шуда, иштирокчиён дар самтњои математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи информатсионї, ихтирокорї ва навоварї раќобат менамоянд.
Маќсади асосии озмун – рушди тафаккуи техникї, тарѓиби љањонбинии илмї, дастрасї пайдо намудан ба техникаву технологияи муосир, тавсеаи ихтирокорї ва навоварї, алоќаи илм бо истењсолот, љалби бештари ќишрњои љомеа ба омўзиши фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї, њамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодњои нав аз байни хонандагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, донишљўёни донишгоњњои олї, магистрњо, унвонљўён, докторантони Ph.D, ходимони илмї, муњандисон, конструкторњо ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.
Дар соли 2022 бо Амри Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон аз 3 феврали соли 1922 №АП-155 дар Низомномаи озмуни љумњуриявии “Илм – Фурўѓи маърифат” баъзе таѓйиротњо ворид карда шудааст. Ин таѓйиротњо сари ваќти буда, тамоми бандњои Низомномаро дар бар мегиранд. Аз љумла дар “Муќаррароти умумї” нишон дода шудааст, “докторони илм, профессорон, узви АМИТ ва академияи соњавї” ширкат карда наметавонанд. Дар банди “Меъёрњои арзёбии ѓолибони озмун” таѓийрот дида мешавад, аз љумла дар таносуби саволњо аз бахши физика ва астрономия, химия иваз карда шудааст. Инчунин бо маќсади сањењият даровардан ба бањогузорї таѓйиротњои куллї ворид карда шудааст. Дар банди “Њайати њакамон” шумора ва њайати њакамонро комиссия муаян намуда аз 7 нафар зиёд набошад. Инчунин узви њайати њакамон, ки шогирд ва ё аъзои оилааш дар озмўн ширкат мекунад, њуќуќи ба њайати њакамон ворид шуданро надорад. Дар банди “Имтиёзњо” ба ѓолибони даври чорум, шахсоне, ки љойњои 1, 2, 3 ва дорандаи Шоњљоизањо шудаанд, ба ихтисоси интихобкардаи худ бе озмун ба тариќи ройгон ба муассисањои тањсилоти олї дохил шуда метавонанд. Ба тамоми иштирокчиёни даври чорум ба ихтисосњои амалкунандаи фанњои даќиќ, табиатшиносї, риёзї ва техникї бе озмун ва ройгон дохил шуда метавонанд. Ба омўзгороне, ки шогирдони онњо љойњои 1, 2, 3 ва барандаи Шоњљоиза шудаанд, унвони “Аълочии маориф ва илми Тољикистон” мегарданд. Дар Низомномаи мазкур таѓйиротњои дигар низ аст, аммо онњо ба хонанда назаррас нестанд.
Донишгоњи миллии Тољикистон низ дар ќатори дигар муассисањо донишљўёнро аз рўи номинатзияњои озмўн омода намуда, барои ширкат ва ѓолибият ба даст оварданд, њамаљониба мекўшад. Дар ин навбат низ факултети физика ва кафедраи астрономия донишљуёнро барои озмуни љумњуриявии “Илм – Фурўѓи маърифат” омода менамоянд.
Боиси хурсандибахш аст, ки дар ќатори фанни физика, астрономия низ ворид гаштааст. Ногуфта намонад, ки хусусиятҳои муҳими ташаккули фанҳои табиатшиносї на танҳо аз истифода бурдани муваффақият ва аз як фан ба фанни дигар гузаронидани усулҳои таҳқиқот, балки аз алоқаи байниҳамдигарии онҳо низ иборат аст.
Астрономия бо талаботи моддии инсоният пайдо гашта, кўњантарин илм ба шумор меравад. Астрономияи давраи ќадимро мушоњидањо ташкил медоданд, ки асосан навъњои гуногуни таќвим бо назардошти њаракати љирмњои мунир (Офтоб, Моњ, сайёрањо ва ситорањои равшан) дар мањаллањои гуногун аз тарафи олимон тадбиќ карда шуда буданд. Дар даврањои гуногуни фаъолияти инсон астрономия дар худ нозукињои дигар фанњоро аз бар карда, ќисматњои нави онро ташаккул додааст. Дар даврањои гуногуни рушди астрономия алоќаи зичи он бо математика ва геометрия дида мешавад. Чунин алоќамандї ба њаракати љирмњои осмонї, њисоби аниќи лањзањои тулўъ, ќиём ва ѓуруби онњо рат дорад. Ин буд ки аввалин моделњои заминмарказї ва офтобмарказии олам, кура будани Замин, каталогњои ситорагї њазорсолањо пештар мураттаб шуда, озодона гирифти Офтобу Моњро пешгўи мекарданд. Ин буд, ки фасли нави астрономия – астрономияи сферикї ба вуљуд омад. Ин ќисмати астрономия дар худ омўзиши зоњирї (чашмдид) ва њаќиќии љирмњои осмониро масъалаи асосї дониста онро бо пуррагї њал намуд.
Инќилоби илмї дар Аврупо ва силсилакорњои И.Кеплер, Г. Галилео ва дигарон И.Нютонро имконият фароњам овард, ки ќонунњои асосии механика ва љозибаро исбот намояд. Ин раванд дар астрономия фасли навро кушод, ки механикаи осмон мебошад. Дар асоси ќонуни љозибаи љањонї – механикаи осмон, њаракати љирмњои осмонї, тањаввули мадори онњо, шакл ва андозаи љирмњоро муайян намуда ва њоло њам масаълањои гуногуне, ки ба он дахл дорад, њал намуда истодааст.
Истифодаи телескоп аз тарафи Галилей ба пайдоиши фасли нави астрономия – астрономияи амалї оварда расонд. То ин ваќт дањњо асбобњои астрономи сохта шуда буданд, аммо онњо танњо кунљи бинишро муайян мекарданд. Бо истифодаи телескоп инсоният имконият пайдо намуд, ки кайњони беохирро бо чашми худ назора намояд.
Бо истифодаи фотография ќисмати нави астрономия – астрофизика ба вуљуд омад. Имрўзњо астрофизика бисёрљанбаъ шуда, ќисматњои гуногуни ин фаслро вусъат дода истодааст. Бо истифодаи спектр, полиризатсия (ќутбиятсанљї), мушоњидањои кайњонї ва дигар навъи мушоњидањо астрофизикаи имрўзаро муосир гардонида истодааст. Ин буд, ки истифодаи радиотелескопњо дар тамоми соњањои дарозии мављњо аз нано то метрњо, ботаника ва биология барои љустуљуи моддањои органикї чї дар сайёрањо ва чї дар Кайњон, геология барои омўзиши сатњи саёрањо ва радифони онњо, химия барои муайян кардани таркиби химиявии љирмњо имкониятњо фароњам оварданд. Астрономия имрўз дар сарњади илмњо бо дигар фанњо, математика, физика, химия, геология, биология алоќаи зич барќарор намудааст.
Тамоми ќонунњое, ки дар физика, математика ва химия кашф шуданд, аксари онњо исботи худро дар љирмњои кайњонї тадбиќ карданд. Бо бозгашти кометаи Њаллей (1P/Halley) ќонуни љозибаи умуми љањонї исботи худро ёфт ва маълум гашт, ки кометањо метавонанд бо мадори эллипсї њаракат намоянд, ин натиља дар асоси зањматњои тўлонии Клеро, Лепот ва Лаланд муайян карда шуд. Дар озмоишгоњњо навъњои гуногуни бактерияњо ва њашаротњо наздик ба шароити дигар сайёрањо омўхта ва тањќиќ карда шуда истодааст.
Баъди парвози аввалин радифи маснўъи Замин 4-уми октябри соли 1957 оѓози омўзиши Кайњон берун аз атмосфераи Замин шурўъ шуд. Аз он рўзњо инљониб на танњо фазои кайњонии наздизаминї балки сайёрањои алоњида низ аз радифон пур шудааст, ки масъалањои мубрамро њал менамоянд. Дастгоњњои кайњонии байнисайёравї ба лаборатория (озмоишгоњ)-њои илмї муљањњаз буда, натиљањои комилан навро гирифта истодаанд. Дар ин самт барои идораи сафинањои кайњонї математикаи тадбиќї наќши калидї дорад. Идора ва барномањои пешакї тањияшуда барои чунин сафинањо бе идораи инсон амалї карда мешаванд.
Истифодаи дастгоњњои кайњонї дар сатњи Моњ (моњгардњо, лунаход), Зуњро ва Миррих имкоят фароњам оварданд, ки дастгоњњои кайњони насли нав сохта ба истифода дињанд. Њамаи ин аз алоќаи астрономия бо муњандисон-технологњо муяссар гашт. Бинобарин бо боварї гуфта метавонем, ки имрўзњо на танњо астрономия балки дигар фанњо аз алоќаи њамдигарї истифода мебаранд ва дар сарњадњои нињои бо њам омезиш ёфта, фаслњои навро эљод мекунанд, ки барои бењбудї ва пешрафти љомеъ дар соњањои гуногун хизмат кунад.
Мувофиќ ба низомномаи озмуни љумњуриявии “Илм – фурўѓи маърифат” давраи сеюми озмун бояд амалї шавад. Аз ин лињоз ба тамоми хонандагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, донишљўёни донишгоњњои олї, магистрњо, унвонљўён, докторантони Ph.D, ходимони илмї, муњандисон, конструкторњо ва дигар намояндагони касбу кори гуногун бурдборињо таманно дорам, ба якояки Шумо муваффаќиятњоро хоњонам.
Абдулљалол Сафаров, номзади илмњои физикаю математика, дотсент, мудири кафедраи астрономияи факултети физикаи Донишгоњи миллии Тољикистон