Рӯзномаи маҷлис:
1. Тартиботи донишҷӯён дар раванди таълим
2. Баргузории соатҳои тарбиявӣ мувофиқи ҷадвал
3. Қайди мавзӯъҳои соатҳои тарбиявӣ дар журналҳои акадимӣ.
4. Гузаронидани суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва ё телефонӣ бо волидайни донишҷӯёне, ки ба дарсҳои иштироки ғайри фаъол доранд
5. Ташкил кардани дарсҳои кушоди тарбиявӣ дар доираи мавзӯъҳои соатҳои тарбиявӣ
4. Масъалаҳои ҷорӣ.
Ҷалласаи васеи Шурои кураторони факултети физика бо садорати факултети физика оид ба мавзӯи “Тартиботи донишҷӯён дар раванди таълиму тарбия ” дар факултети физика санаи 02. 11. 2022 соати 1200 дар аудиторияи 206 гузаронида шуд.
Бояд қайд намуд, ки барои кушода шудани ҷалласаи васеи Шурои кураторони факултети физика декани факултети физика н.и.ф.-м., Қодирзода З.А. ҳусни оғоз бахшиданд ва шахсони масъули факултет бо кураторон бошанд, ҷалласаро давом доданд.
Ҳаминро бояд ёдовар шавем, ки корҳои таълимӣ, методӣ ва тарбиявӣ дар факултет вазифаи муҳими фаъолияти ҳар як куратори гурӯҳ ба ҳисоб меравад. Яке аз самтҳои асосии баргузории соатҳои тарбиявӣ дар ҷараёни таълим тарбия намудани донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва барои омода намудани мутахассисони варзида дар донишгоҳ мавқеи марказиро ишғол менамояд ва барои ба даст овардани дастовардҳои нав ба нав таъсири хуб мерасонад.
Ҳаминро таъкид кардан бомаврид аст, ки дар раванди баргузории соатҳои тарбиявӣ донишҷӯён аз устоди худ ғизои маънавӣ гирифта метавонанд.
Дар яклухтии раванди педагогӣ ҷараёни тарбия ҷойи махсусро ишғол менамояд. Моҳият, мавқеъ ва нақши ин равандро аз сохти раванди умумии ташаккули шахсият ҳам фаҳмидан мумкин аст. Аз ин рӯ мебояд волидайн нисбат ба ояндаи фарзандони худ бетарафӣ зоҳир накарда, бо омӯзгорони онҳо пайваста ҳамкории зич дошта бошанд.
Ҳамкорӣ, чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, инъикоси мураккаби тарбиятгар ва тарбиягирандаро ифода намуда, дар раванди таълим нақши фаъолро мебозад. Дар замони муосир раванди тарбия маҳз зимни ҳамкории волидайн бо омӯзгор самараи дилхоҳ медиҳад.
Раванди тарбия низ махсусиятҳои худро дорад. Барои сайқал додани афзалиятҳои тарбия ҳамкории тарафайнро дар ҷараёни таълим ташкил намудан зарурат дорад.
Ташкил кардани ҳамкориҳо миёни волидайн ва устод, аз нав бавуҷудоварии ҳиссиёти инсонӣ – ғамхориро ба насли наврас ифода менамояд. Зеро гуфтаанд:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Падару модаронро мебояд, ки ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандони худ бетараф набошанд, бо муассисаҳои таълимие, ки фарзандони онҳо таҳсил менамоянд, ҳамкориро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва дар дарсҳои фарзандонашон иштирок карда, аз фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо бохабар шаванд. Устодонро мебояд ҳамарӯза оиди рафтору кирдони донишҷӯёни худ ва дар бораи иштироки ҳамарӯзаи онҳо ба дарс бо волидайни онҳо суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва ё телефонӣ гузаронанд.
Ҷараёни маҷлис: