Дарси кушоди тарбиявӣ дар курсҳои 1 — 4-и ихтисоси 1-40020100 — мошинҳои ҳисоббарор, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонСанаи 23 ноябр дар кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо дарси кушоди тарбиявии сапарастони гурӯҳҳои академии курсҳои 1-4, баргузор гардид. Дарси мазкурро мудири кафедра н.и.ф-м., дотсент Норматов З.С. ҳусни оғоз бахшида, дар мавзӯи «24 ноябр — Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, аз таърихи пачамдории тоҷикон ёдовар гардиданд.Зимни баромад мудири кафедра Норматов З.С. қайд намуд, ки Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз идҳои расмии Тоҷикистон, 24 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти Тоҷикистон қабул гардида, ҳар сол 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Рангҳои парчами миллӣ ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ донист мешавад: Ранги сурх — рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед — нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз — нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.Ҳамзамон донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси мазкур Саидзода Ҷомӣ ва дотсенти кафедра Маҳмудов И.Ш. низ дар мавзӯи «Парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ» баромад намуда, қайд намуданд, ки Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамо месозад.