ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

40

Санаи 23 ноябри соли 2024 тибқи нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети физика ҷиҳати баргузории суҳбату вохӯриҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети физикаи ДМТ ҳамоиш баргузор гардид.Чорабиниро декани факултет, н.и.ф-м., дотсент Қодирзода З.А. оғоз намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз таърихи пачамдории тоҷикон ёдоварӣ намуда қайд намуданд, ки Парчам яке аз рамзҳои асосии давлатӣ ва нишондиҳандаи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад. Он таърихи давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ ва мақоми ҳар як кишварро таҷассум мекунад. Парчам на танҳо як порчаи матоъ, балки рамзи ифтихор, худшиносӣ ва сарбаландӣ мебошад. Он дар майдони ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ин миллат соҳиби тамаддун, таърих ва ҳувияти худ мебошад. Баъдан дар кори ҳамоиш устоди факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон н.и.таъ., дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ, Шарофидинов Суҳроб Саломович дар мавзӯи «Парчами давлатӣ — ифтихори миллӣ» суханронӣ намуд.Дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.