Устодони кафедра

Муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Шарипов Ҷурабек Гулович.

Зиндагигома

Шарипов Ҷурабек Гулович 24-уми феврали соли 1985 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи механизатор ба дунё омадааст. Соли 2002 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Қутбӣ Кироми деҳаи Урметант ноҳияи Айниро хатм намуда, худи ҳамон сол ба шуъбаи рӯзонаи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДМТ) дохил шудааст. Соли 2007 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси 012600, касби муҳандис-метеоролог хатм намудааст.

Фаъолияти илмӣ

Пас аз хатми донишгоҳ, аз соли 2007 то соли 2011 ба ҳайси ассистенти кафедраи метеорологияи факултети физикаи ДДМТ (ДМТ) фаъолият намуда, солҳои 2012-2013 дар вазифаи ходими илмии шуъбаи «Физикаи муҳитҳои конденсӣ»-и Институти илмию тадқиқотии ДМТ кор кардааст. Солҳои 2013-2014 ассистенти кафедраи астрономияи факултети физикаи ДМТ ба уҳда дошт. Солҳои 2014-2017 ассистенти кафедраи метеорология ва климаталогия факултети физикаи ДМТ буд.

16 майи 2017 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Термодинамические свойства сплавов Zn55Al, Zn5Al, легированных редкоземельными металлами (Sc, Y, Ce, Pr, Nd, Eu)» дифоъ намуда, 1 ноябри соли 2017 сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика гардидааст.

Ҳамзамон, аз соли 2017 то 10 майи соли 2019 Раисии Шурои кураторони факултети физикаро ба уҳда дошт. Аз санаи 10 майи соли 2019 то имрӯз дар вазифаи муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети физика фаъолият дорад. Санаи 31.10.2020 бо фармоиши ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дотсенти кафедраи метеорология ва климатология интихоб гардидааст. Шарипов Ҷурабек Гулович дар доираи фаъолияти кориаш аз ҷониби садорати факултети физика бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бо ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст. Муаллифи зиёда 29 мақолаи илмӣ, аз ҷумла як монография (Термодинамические свойства цинк-алюминиевых сплавов, легированных РЗМ), як китоби дарсӣ (Метеорологияи умумӣ) ва як дастури таълимӣ (Таъмини гидрометеорологӣ дар ҳоҷагӣ ва агрометеорология) мебошад.

Мирзохонова Ситора Олтибоевна 4- марти соли 1982 дар дехаи Себистони ноҳияи Данғара дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Номзади илмҳои техникӣ, муалими калони кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физика. Мирзохонова Ситора Олтибоевна пас аз хатми мактаби миёна соли 1999 ба шуъбаи рӯзонаи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2004 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-метеоролог хатм намудаст.

Фаъолияти илмӣ

Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ, ба фаъолияти меҳнатӣ пардохта, давоми солҳои 2000-2007 мутаххасиси шуъбаи Метеорология ва климатологияи Агентии обуҳавошиносӣ, аз соли 2004 то соли айни замон ҳамчун устоди кафедраи номбаршуда фаъолият дорад. Инчуние аз соли 2019 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вазифаи ходими калони илми дар 0,5 воҳиди корӣ фаъолият дорад.

Абулқосим Муминов (Муминов Абулқосим Оманқулович; 29 сентябри 1986; шаҳри Панҷакент, Ҷумҳурии Тоҷикистон) – олим, иқлимшинос,эколог номзади илмҳои география (2020).

Зиндагинома

Муминов Абулқосим Оманқулович 29- сентябри соли 1986 дар деҳаи Озодагони шаҳри Панҷакент дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Номзади илмҳои география, муалимми калони кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Муминов А.О., пас аз хатми мактаби миёна соли 2004 ба шуъбаи рӯзонаи ихтисоси метеорология ва климатологияи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2009 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-метеоролог хатм намудаст. Пас аз хатми донишгоҳ барои идомаи таҳсил дар риштаи аспирантура ба факултети номбурда фиристода шуда, ин факултетро соли 2015 ба итмом мерасонад. Абулқосим Муминов натиҷаҳои дар заминаи тадқиқотҳои чандинсола бадастовардаашро дар мавзӯи « Арзёбии геоэкологии ифлосшавии обҳои рӯизаминии ҳавзаи дарёи Вахш ва таъсири обанборҳо ба шароити иқлимии маҳал» ҷамъбаст намуда, соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Русия дар шаҳри Санкт-Петербургро аз рӯйи ихтисоси 25.00.36 – геоэкология(илм дар бораи замин) рисолаи номзадиро дифоъ кард ва ба гирифтани унвони номзади илмҳои география сарфароз гардид. Дар вазифаҳои ходими илмии озмоишгоҳи ВМ-19-и Институти илмию-таҳқиқотии ДМТ (2010-2012), ассистенти кафедраи метеорология ва климатология (2016-2021), муаллими калони кафедраи метеорология ва климатология (2021- то имрӯз) факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Фаъолияти илмӣ

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: коркарди усулҳои муосири тасфияи шароитҳои метеорологӣ, обҳои табиӣ ва ҷорӣ, идораи ҳамгироии захираҳои об ва роҳҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об. Ба қалами Муминов А.О., зиёда аз 25 мақолоти илмӣ тааллуқ дорад. Дар симпозиуму конфронсҳои мухталифи илмии байналхалқӣ, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Чин, ва Швейтсария баргузор гардидаанд, иштирок ва суханронӣ намудааст.

Зиндагинома

Қурбонов Номвар Бойназарович, 4-уми феврали соли 1990 деҳаи Вешаби ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи механизатор ба дунё омадааст. Номзади илмҳои техникӣ, муовини директор оид ба корҳои илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳамзамон, ассистенти кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (0,5 воҳиди корӣ) мебошад. Қурбонов Номвар Бойназарович, пас аз хатми мактаби миёна соли 2007 ба шуъбаи рӯзонаи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-метеоролог ва бо дипломи аъло хатм намудаст. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ, ба фаъолияти меҳнатӣ пардохта, давоми солҳои 2008-2010 мутаххасиси шуъбаи коммуникатсионии Агентии обуҳавошиносӣ, аз соли 2010 то соли 2012 омӯзгори фанҳои физика ва географияи Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болайёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Фаъолияти илмӣ

Давоми солҳои 2013-2016 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, аз соли 2016 ин ҷониб дар вазифаи ассистенти кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физика фаъолият менамояд. Ҳамзамон, аз моҳи декабри соли 2018 то моҳи майи соли 2022 раиси Шурои олимони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Аз моҳи июни соли 2021 то имрӯз ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон адои вазифа мекунад. Қурбонов Н.Б. натиҷаҳои илмии худро бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво дар мактабҳо, конфронсҳо ва симпозиумҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла, дар шаҳрҳои Москва (2014, 2017), Душанбе (2015, 2016, 2018, 2021), Бишкек (2013), Алмато (2016, 2020), Барнаул (2013), Иркутск (2015, 2021), Астрахан (2015), Новосибирск (2016, 2022), Петрозаводск (2018, 2021), Санкт-Петербург (2020), Красноярск (2021) муаррифӣ кардааст. Илова бар ин, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиширо дар шаҳрҳои Москва (11-24.11.2014), Токио (10-25.12.2017), Бишкек (18-27.06.2018), Алмато (19-28.08.2019; 21-31.07.2022) ва Деҳлӣ (онлайн, моҳи майи соли 2020) гузашта, дониш ва маҳорати худро сайқал додааст. Ҳамчунин, мавсуф чун мутахассиси соҳаи метеорология ва климатология барои иштирок ба эксипедитсияҳои байналмилалии «Аз пиряхҳо то баҳри Арал» (31.07.-30.08.2018) ва «Сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ» (01-30.06.2019) даъват гардида, дар ин экспедисияҳои илмӣ-тадқиқотӣ на танҳо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, балки Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст. Қурбонов Н.Б. дар тайёр кардани шогирдон ва таъмини иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ саҳми назаррас дорад. Шогирдонаш Нормаҳмедова Зарнигор (соли 2017) ва Машрабов Алиҷон (соли 2018) дар Озмуни ҷумҳуриявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни макотиби олии кишвар – «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» иштирок карда, ба гирифтани ҷойҳои якум ва сеюм сазовор гардиданд. Инчунин, шогирдонаш А.А. Машрабов, Ҳ.Р. Раҷабов ва З.О. Нормаҳмедова дар Озмуни байналмилалие, ки аз ҷониби Бунёди наҷоти баҳри Арал, Маркази минтақавии экологӣ дар Алмато ва Донишгоҳи Қазоқистону Олмон дар Алмато (2018) ва Тошканд (2019) баргузор гардид, ба гирифтани ҷойҳои аввал шараёб гардиданд.

Мавсуф дар баробари мақолоти илмӣ-тадқиқотӣ муаллифи китоб ва монографияҳои Назарияи рушди илмҳои табиатшиносӣ (Душанбе: Истеъдод, 2014. – 192 с.), Асосҳои нанотехнология (Душанбе: Истеъдод, 2015. – 112 с.), Влияние изменения климата на условия формирования и химического состава водных ресурсов бассейна реки Зерафшан (LAP LAMBERT Academic Publishing, 2021 – 145 с.), Повышение безопасности гидротехнических сооружений. Часть 2. На примере водохранилища Нурекской ГЭС на реке Вахш (Химки: Академия гражданской защиты МЧС России, 2021. – 192 с.), Водохозяйственная инфраструктура в общей система управления водными ресурсами (Душанбе: ИВП,ГЭиЭ НАНТ, 2021. – 172 с.), Метеорологияи умумӣ (Душанбе: ДМТ, 2021. – 356 с.) ва Дурахши ахтарони илм (Душанбе: Дониш, 2022. – 267 с.) мебошад. Дар маҷмӯъ, муаллифи 3 монография, 1 китоби дарсӣ, 2 дастури таълимӣ, 3 патент, 47 мақолаи илмӣ ва 122 мақолаи илмӣ-оммавӣ мебошад. Тавъам ба корҳои илмию тадқиқотӣ, мақолаҳои илмӣ-оммавии Қурбонов Н.Б. дар маҷаллаҳои «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор», «Илм ва ҷомеа», «Илм ва ҳаёт» ва рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Омӯзгор», «Баҳори Аҷам» ва ғайра пайваста ба нашр мерасанд. Мукофот Барои саҳми назаррасаш дар таҳлилу баррасии мавзуъҳои илмӣ ва инъикоси онҳо дар матбуоти даврӣ ва тарғиби дастовардҳои илмӣ-техникӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (соли 2015) пазируфта ва бо нишони «Аълочии матуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2017) сарфароз гардонида шудааст. Ҳамчунин, барои фаъолияти пурсамати илмӣ-тақиқотӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятӣ Қурбонов Н.Б. бо сипосномаю ифтихорномаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021), Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019), Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2021), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2010) ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2022) сарфароз гардонида шудааст.

Зиндагинома

25-уми декабри соли 1995 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 2012 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Восеъро хатм намуда худи ҳамон сол ба факултети физикаи ДМТ дар ихтисоси метеорология ва климатология дохил шудааст.

Фаъолияти илмӣ

Соли 2017 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи «хуб» аз рӯи ихтисоси 31040102, касби муҳандис-метеоролог хатм намудааст. Моҳи сетябри соли 2017 ба ҳайси лаборанти калони кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон то ин ҷониб фаъолияти омӯзгориро оғоз намуд Одинаев Қодирҷон Нодирович дар доираи фаъолияти кориаш аз ҷониби садорати факултети физика бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бо ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст.

Муаллифи зиёда 5 мақолаи илмӣ мебошад.