Устодони кафедра

Султонов Низом (тав. 15.01.1940, ноҳияи Ваҳдат), физикдон, доктори илмҳои физикаю математика (1998), профессор (1999). ДДТ –ро соли 1963 хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиаш дар ҳамин донишгоҳ ба ҳайси лаборанти калон (1963), аспирант (1965), хизмат дар сафи артиш (1967), коромӯз-тадқиқотчӣ (1968), ходими хурди илмии ЛИТФМП ДДМТ (1971), ходими калони илмии ҳамин лаборатория (1974), муаллими калони кафедраи физикаи ҳаста (1975), дотсенти ҳамин кафедра (1976), мудири ҳамин кафедра (1978), дотсенти ҳамин кафедра (1983), декани факултаи физикаи ДДМТ (1998) ва аз соли 2001 профессори кафедраи электроникаи физикӣ ҷараён дорад. Султонов Н. муаллифи зиёда аз 150 мақолаву гузоришоти илмӣ, 4 дастури таълимию методӣ мебошад. Тадқиқоти илмии ӯ ба омӯзиши сохтории полимерҳо ва хосиятҳои физикии сохторҳои тунуки нимноқилӣ равона шудаанд.

Акобирова Азиза Тошпулатовна (тав.18.03.1950. ш.Самарқанд), физикдон, номзади илмҳои физикаю математика (1978), дотсент (1990). Донишгоҳи давлатии Самарқандро соли 1971 хатм намудааст, стажировка ва аспирантураи ИФТ АФ СССР ба номи Иоффе (1971-1976). Фаъолияти меҳнатиаш дар ДДТ ба ҳайси ходими хурди илмӣ (1976-1978), ходими калони илмӣ (1978-1980), ходими пешбари илмии кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт (1980-1984), муаллими калони кафедраи физикаи ҳаста (1984-1990) ҷараён гирифтааст. Аз соли 1990 –дотсенти кафедраи электроникаи физикӣ мебошад. Тадқиқоти илмии Акобирова А. ба омӯзиши хосиятҳои физикӣ ва технологияи ҳосилкунии лавҳаҳои тунукӣ нимноқилӣ ва сохтани детекторҳои нимноқилӣ ва батареяҳои офтобӣ нигаронида шудаанд. Ӯ муаллифи зиёда аз 120 мақолаи илмӣ, 2 патенти ихтироъ ва 10 дастури таълимӣ аст.

Ғафуров Одилҷон Вадудович (тав. 08.07.1970, Душанбе), физикдон, номзади илмҳои физикаю математика (2002), дотсент (2010). Хатмкардаи ДДТ (1992). Фаъолияти меҳнатиаш дар ҳамин донишгоҳ ба ҳайси ассистент (1992-2002), муаллими калони кафедраи электроникаи физикӣ (2002-2010) ва аз соли 2010-дотсенти кафедраи электроникаи физикӣ ҷараён дорад. Тадқиқоти илмии Ғафуров О. ба омӯзиши таъсири нурҳои ионӣ ба сохторҳои асбобҳои нимноқилӣ равона шудааст. Ӯ муаллифи бештар аз 35 мақолаву гузоришоти илмӣ ва 2 дастури таълимию методӣ мебошад. Кафедраи электроникаи физикӣ кафедраи тахассусӣ буда аз рӯи ихтисоси муҳандиси радиоэлектроника мутахассис тайёр менамояд. Аз рӯи ин ихтисос донишҷӯён ҳам дар шӯъбаи рӯзона ва ҳам аз рӯи шакли таҳсили фосилавӣ таҳсил менамоянд.

Наимов Умедҷон Розибекович (тав. 13.12.1987, н. Дарвоз), физикдон, номзади илмҳои техникӣ (2020). Хатмкардаи ДМТ (2010). Фаъолияти меҳнатиаш дар ҳамин донишгоҳ ба ҳайси ассистент (2010-2015), таҳсили аспирантура дар Федератсияи Русия (2015-2019), лаборанти калон (2019-2021) ва аз соли 2021 – ассистенти кафедраи электроникаи физикӣ ҷараён дорад. Тадқиқоти илмии Наимов У.Р. ба тадқиқоти усулҳои синтез дар системаҳои пайгирии радарӣ равона шудааст. Ӯ муаллифи бештар аз 25 мақолаву гузоришоти илмӣ мебошад.

Раматов Бадурдин Амируллоевич (тав. 24.02.1991, н. Ховалинг), физикдон, номзади илмҳои физикаю математика (2022). Хатмкардаи ДМТ (2014). Фаъолияти меҳнатиаш дар ҳамин донишгоҳ ба ҳайси ассистент (2014-2015), таҳсили аспирантура дар Федератсияи Русия (2015-2019), лаборанти калон (2019-2020) ва аз соли 2020 – ассистенти кафедраи электроникаи физикӣ ҷараён дорад. Тадқиқоти илмии Раҳматов Б.А. ба омӯзиши коркарди моделҳои компактии транзисторҳои майдонии органикӣ равона шудааст. Ӯ муаллифи бештар аз 20 мақолаву гузоришоти илмӣ мебошад.