Таърихи кафедра

Таърихи кафедраи физикаи ҳаста. Кафедраи физикаи ҳаста с. 1960 таъсис ёфтааст. Нахуст мудири кафедра то с. 1964 дотсент Кашкарёв Л.Л. буд. Дар ин давра дар кафедра устодон Иваненко В.М., Рязанов Д.К. ва Ғафуров В.Ғ. ва проф. Чердинцев В.В. аз қисмҳои гуногуни физикаи атом ва ҳаста дарс мегуфтанд.

Лабораторияҳои таълимӣ, практикуми махсус, кабинети лексионӣ аз физикаи атом ва ҳаста дар ҳамон давра ташкил ва таҷҳизонида шуданд. Солҳои 1964-1974 вазифаи мудирии кафедраро номзади илмҳои физика-математика Ғафуров В.Ғ. бар ӯҳда дошт.Дар ин давра барои тайёр кардани мутахасисони соҳавӣ бо ташабуси академикҳои АИ ИШ Флёров Г.Н. ва инчунин бо дастгирии президенти академияи улуми Тоҷикистон академик Умаров С.У. ва баъдтар, академик М.С. Осимӣ, декани факулта Ф. Ҳакимов, мудири кафедра Ғафуров В.Ғ. гурӯҳи донишҷӯён ва аспирантони лаёқатманд, аз ҷумла Январ Шукрии Самарқандӣ ба ш.Дубна АМТҲ (ОИЯИ), С.Қодирӣ, У.Орифходҷаев , С. Шухиев (ба аспирантураи МГУ ба номи Ламоносов) Қ. Шарифов,Ҳ. Нарзиев , Файз Нормуродов, В. Шариф-Зода, А. Саломов , Қ. Ҷанобилов барои коромӯзи ба шаҳрҳои Дубна, пажуҳишгоҳи «Измеран» ( назди ш. Москва, Обнинск), Ленинград ва дигар марказҳои илми тадқиқоти роҳхат гирифтанд. Дар тайёр кардани кадрҳои соҳавӣ олимони шинохтаи собиқ ИШ Г.Н. Флёров, И.М. Франк, Ф. Л. Шапиро, Ю. Ц. Оганесян, К.Д. Толстов, С. А. Карамян, Л.П. Старчик саҳм гузоштаанд. Солҳои 1974-1979 вазифаи мудири кафедраро дотсент А. А. Ястрибинский, 1979- 1982 Г. Г. Самойлов, 1982-1984 дотсент Қ. Шарипов, 1985-1991Н.Султонов, 1991-2004 А. Саломов, 2004-2005 Январ Шукрии Самарқандӣ , 2005-2010 профессор Ф. Нормуродов иҷро намудаанд. Аз соли 2011 инҷониб вазифаи мудири кафедраро д.и ф-м., профессор Махсудов Б.И. ба ӯҳда дорад.

Фаъолияти кафедра баъди таъсисёбӣ ду давраро дарбар мегирад: солҳои 1960-1970 ва аз соли 1970 то имрӯз. Давраи аввал омода кардани мутахассисони тахассуси соҳаи физикаи ҳаста ва давраи дуюм тадриҷан пурқувват намудани заминаи моддӣ-техникӣ, илмӣ-омӯзгории он.

Дар кори ба миён овардани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии соҳавӣ ва корҳои лабораторӣ устодон Я. Ш. Самарқандӣ, С. Қодирӣ, Қ. Шарифов,Ҳ. Нарзиев, В. Ғафуров, А. Саломов О. Аббосов, Ф. Нормуродов саҳми зиёд доранд. Дар ин давра ба забони тоҷикӣ китоби «Бунёди физикаи ҳастаи атом»и С. Қодирӣ ва «Физикаи атом» ва «Маҷмӯъи масъалаҳо аз физикаи атом»-и Я. Ш. Самарқандӣ , «Гузариши зарраҳои бунёдӣ аз тариқи модда»-и Файзи Нормуродов ва А. Саломов А.,корҳои лабораторӣ аз физикаи атом ва ҳаста”-и С. Қодирӣ ва Я. Ш. Самаркандӣ. Корҳои лабораторӣ аз физикаи атом ва ҳаста-и С. Қодирӣ ва Я. Ш. Самарқандӣ, корҳои лабораторӣ аз физикаи атом ва ҳаста-и Ҳ. Нарзиев, корҳои лабораторӣ аз дозасанҷии нурҳои радиоактив-и Ҳ. Нарзиев ва ғайра нашр шудаанд. Корҳои лабораторӣ аз физикаи ҳаста-ӣ О.Аббосов , Б.И. Махсудов, Я.Ш. Самарқандӣ, С. Шухиев С. Дар тӯли хеш кафедра аз 11 нафар омӯзгорони баландихтисоси физикаи ҳаста доктори илм (Ф. Нормуродов) ва зиёда аз 10 нафар номзадҳои илм (Я. Ш. Самарқандӣ С. Қодирӣ, У. Орифходҷаев, О. Аббосов, Қ, Шарифов, Ҳ. Нарзиев, С. Шухиев, В. Шариф-зода, А. Саломов, Қ. Ҷанобилов) тайёр кардааст. Бо қалами устодони кафедра садҳо мақолаҳои илмӣ, илмӣ -методӣ, фишурдаи маърузаҳо, китобҳои дарсӣ, васоитҳои таълимӣ, тавсия коркардҳои методӣ, монографияҳо, барномаҳои таълимӣ таълифу дастрас гаштаанд.

Дар кафедра маҳфили илмии «Изотоп» амал менамояд. Имрӯз дар кафедра 6 нафар устодон О. Аббосов, Ҳ. Нарзиев, Махсудов Б.И., Хоҷаев Ю.П. ки дараҷа ва унвони илмӣ доранд ва 3 нафар ассистентон Камолиддинов Ф., Латипова С.З., Файзуллоев И.Х., ба фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ мағуланд.