Таърихи кафедра

Таърихи кафедра. Кафедраи электроникаи физикӣ соли 1990 дар асоси ихтисоси «Радиофизика ва электроника», ки ҳанӯз соли 1980 дар факулта кушода шуда буд, таъсис дода шудааст. Мудири аввалини он профессор Fафуров В.F. буд. Аз соли 1998 то соли 2009 ва аз 2013 то 2017 роҳбарии кафедраро номзади илмҳои техникӣ дотсент Гадоев С.М. ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2009 то 2013 ин вазифа ба дӯши дотсент Азизов К.Ҷ. буд. Аз соли 2018 то инҷониб роҳбарии кафедра ба зиммаи дотсенти кафедра Ҳамроқулов Р.Б. вогузор карда шудааст. Ҳоло дар кафедра як нафар профессор Султонов Н.С., 3 нафар дотсентон: Акобирова А.Т., Ҳамроқулов Р.Б., Fафуров О.В., ва 2 нафар ассистентон: Наимов У.Р. Раҳматов Б.А. кор ва фаъолият менамоянд.

Аз бахши фанҳои умумисоҳавӣ фанҳои интихобӣ устодони пуртаҷрибаи кафедра дарс мегӯянд. Бахши фанҳои тахассусӣ 8 фанро дар бар мегирад. Аз фанҳои умумикасбӣ дар 9 фан ва аз фанҳои тахассуси дар 6 фан корҳои лабораторӣ гузошта шудааст.

Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ду самт иҷро мешаванд. Самти аввал, ба омӯзиши таъсири омилҳои беруна ба маводҳои нимноқилӣ ва асбобҳои дар асоси онҳо сохташуда тааллуқ дошта, самти дигар ба сохтани асбобҳои детекторӣ ва фотоэлементҳои дар асоси пайвастагиҳои нимноқилҳои поликристаллӣ бахшида шудааст. Устодони кафедра ба ихтирокорӣ низ рағбат доранд. Масалан, ихтирои Акобирова А. ва Обухов Ю.В. таҳти №1794 323А3 дар мавзӯи «Тарзи тайёр кардани пардаҳои детектории нурафкании ионизатсионӣ дар асоси теллуриди кадмий» ва ихтирооти Гадоев С. ва Скоробогатов П.К. дар мавзӯи «Такт –ПЗУ 256КР» ба қайд гирифта шудаанд.