Таърихи кафедра

КАФЕДРАИ ОПТИКА ВА СПЕКТРОСКОПИЯ. Кафедра соли 1961 дар асоси ихтисоси “Оптика ва спектроскопия” ташкил ёфта, мудири нахустини он номзади илмҳои физикаю математика Мустафин К.С. буд. Баъд дар муддати зиёда аз 10 сол вазифаи мудириро дотсент Альперович Л.И. ба ӯҳда дошт.

Дар солҳои 1976-1985 дотсент Нарзиев Б.Н., солҳои 1986-1991 дотсент Ҷумъабоев Қ. ва солҳои 1992-2009 Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Нарзиев Б.Н. муддати 28 сол мудири кафедра буданд. Дар таҳти роҳбарии профессор Нарзиев Б.Н. як қатор масъалаҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ ҳалли худро ёфтанд ва дар тараққӣ додани самтҳои асосии фаъолияти кафедра ҳиссаи калон гузоштанд.

Солҳои 2009-2018 кафедраро, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Исломов З.З. роҳбарӣ намуд. Соли 2010 кафедра ба бинои таълимии нав кучид. Ҳамаи лабораторияҳои таълимӣ, илмӣ аз нав таҷҳизонида шуданд. Масъалаҳои таълимӣ-илмӣ ва методӣ бо зудӣ ҳалли худро ёфтанд. Аз соли 2018 то 2022 ин вазифаро доктори илмҳои физикаю математика, профессор Муллоев Н.У. ба ӯҳда дошт. Ҳоло дар кафедра се номзади илм, дотсент (Исломов З.З., Файзиева М.Р. Давлатмамадова С.Ш.), ассистент ( Ҳодиев М.Ҳ.), мудири лаборатория Сафарова Р. ва муҳандис Саидова С. кор мекунанд. Дар тӯли мавҷудияташ кафедраро зиёда аз 1500 нафар донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзона, шабона ва ғоибона хатм кардаанд. Аз онҳо 150 нафарашонро номзадон ва докторони илм ташкил мекунанд.

Хатмкардагони кафедра дар бисёр корхонаву муассисаҳои илмӣ, истеҳсолӣ ва давлатии ҶТ ва берун аз он дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск, Уфа, Қазон, Воронежи ФР ва Мински ҶБ бомуваффақият кор карда истодаанд. Аз ҷумлаи хатмкардагони кафедра дар солҳои гуногун Мустафин К.С., Альперович Л.И., Марупов Р.М., Ястребинский А.А., Осимов М.М., Немец В., Забиякин Ю.Е., Нарзиев Б.Н., Нуруллоев М., Коровина В.М., Абдуллоев С.Ф., Норматов И.Ш., Муллоев Н.У. ва ғ. рисолаҳои доктории худро ҳимоя намуданд. Кафедраи оптика ва спектроскопия иҷрои таълими қисми “Оптика”-и курси физикаи умумиро дар ихтисосҳои физика, радиофизика ва электроника, метеорология ва климатология, астрономия, радиоэкология, мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо, метрология-стандарт ва сертификат таълими фанҳои тахассусиро барои донишҷӯёни курсҳои 3-5 соҳаи “оптика ва спектроскопия” аз курсҳои махсуси «Сохтор ва хосиятҳои молекулаҳо», «Спектроскопияи атомӣ», «Спектроскопияи таъсири байнимолекулӣ», «Спектроскопияи молекулӣ», «Лазерҳо», «Спектроскопияи амалӣ», «Таҳлили спектралӣ», «Люминессентсия», «Истифодаи МЭҲ дар спектроскопия»-ро таъмин менамояд. Доир ба ин соҳаҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ васеъ ба роҳ монда шудаанд.

Устодони кафедра инчунин ба таълифи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, васоитҳои методӣ ва лабораторӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Аз ҷумла: Нарзиев Б.Н.- «Сохтори молекула ва таъсири байнимолекулӣ», Қ.1-2. Душанбе, 1978-1982; Альперович Л.И., Нарзиев Б.Н. ва диргарон- «Оптика», Қ.1, Душанбе, 1984; Нарзиев Б.Н.- «Спектроскопияи муҳитҳои конденсӣ», Душанбе, 2000; Нарзиев Б.Н., Исломов З., Нуруллоев М.- «Корҳои амалӣ аз оптика», Душанбе, 2009; М. Нуруллоев, З. Исломов, М. Файзиева- «Спектроскопияи атомӣ», Душанбе, 2009; М. Нуруллоев, З. Исломов, М. Файзиева – «Оптика», Душанбе, 2010; М. Нуруллоев, З. Исломов, – «Супоришҳои тестӣ, формула, қонун ва қоидаҳои асосии оптика. Душанбе, 2012; Муллоев Н.У., Исломов З.З Дастурамал оиди корҳои лабораторӣ аз фанни «Спектроскопияи молекулӣ» Душанбе, 2013., Н.У. Муллоев, З.З. Исломов «Дастурамал оиди корҳои лабораторӣ аз фанни Оптика», Душанбе, 2014; Н. У. Муллоев, З.З. Исломов «Усулҳои оптикии таҳлил», Душанбе, 2015; Нарзиев Б.Н., Исломов З.З. «Хосиятҳои оптикиву спектроскопӣ ва донориву аксептории пайвастагиҳои гетеросиклӣ», Душанбе, 2018; Исломов З., Муллоев Н., Файзиева М., Ҷумабоев А., Мурадов Ғ. «ОПТИКА», Самарқанд, 2019. Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷузъи калонтарини кафедра ба шумор мераванд. Мавзӯъҳои илмии буҷавии кафедра дар нақшаҳои координатсионии АИ СССР дохил гардида буданд.

Дар асоси иҷрои ин нақшаҳо усулҳои нави таҷрибавӣ ва ҳисобии муайян намудани хосиятҳои оптикии моддаҳои гуногун (моеъҳо, маҳлулҳо, лавҳаҳо) ва сохтори онҳо дар соҳаи бағоят васеи спектри фурӯбурди молекулаҳо кор карда шуданд. Дар солҳои 1980-1990 базаи моддӣ-техникии кафедра аз ҳисоби иҷрои корҷои шартномаҳои хоҷагӣ, ки на танҳо аҳамияти илмӣ, балки илмӣ-амалӣ доштанд, ба таври назаррас афзуд. Натиҷаҳои илмӣ доир ба мавзӯъҳои ҳам буҷавии давлатӣ ва ҳам шартномавӣ дар коркарди усулҳои оптикии назорати тозагии муҳити атроф, технологияи лазерӣ, дар ҳалли як қатор масъалаҳои физикаи моеъҳо, тиб, фармакология ва дигар соҳаҳои омехта татбиқи худро ёфтанд. Натиҷаҳои корҳои илмӣ дар матбуоти соҳавии марказӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин дар маҷмӯаҳо чоп гардида, дар конференсия ва симпозиумҳои Байналхалқӣ ва Ҷумҳуриявӣ маърӯза шудаанд. Дар кафедра корҳои ихтироотӣ низ ба роҳ монда шудаанд. Кормандон ва устодони кафедра соҳиби 20 шаҳодатномаи муаллифӣ гардидаанд. Соли 2011 бахшида ба 50-солагии кафедра конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои муосири спектроскопияи молекулии муҳитҳои конденсӣ» ва соли 2018 конференсияи байналмилалии «Масъалаҳои актуалии физикаи муосир» бахшида ба 80-солагии ёдбуди Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Нарзиев Б.Н. дар сатҳи баланд гузаронида шуданд. Кафедра бо як қатор муассисаву донишгоҳ ва пажӯҳишгоҳҳои илмии Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Украина, Белоруссия, Ӯзбекистон ва як қатор муассисаҳои ҶТ алоқаҳои зичи илмӣ дорад.

Дар кафедра доир ба соҳаҳои ҳозиразамони оптика ва спектроскопия курсҳои тахассусӣ хонда шуда, корҳои лабораторӣ, курсӣ, дипломӣ ва магистрӣ иҷро мегарданд. Дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ донишҷӯён низ фаъолона иштирок намуда, ҳаммуаллифи корҳои илмӣ ва фишурдаи маърӯзаҳо мебошанд.

Ҳамин тариқ, оптика ва спектроскопия соҳаи замонавӣ ва ояндадори физика буда, усулҳо ва принсипҳои он дар аксарияти соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва берун аз он истифода мешаванд.