Муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ

Шарипов Ҷурабек Гулович – муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Шарипов Ҷурабек Гулович 24-уми феврали соли 1985 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи механизатор ба дунё омадааст.

Соли 2002 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Қутбӣ Кироми деҳаи Урметант ноҳияи Айниро хатм намуда, худи ҳамон сол ба шуъбаи рӯзонаи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДМТ) дохил шудааст. Соли 2007 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси 012600, касби муҳандис-метеоролог хатм намудааст.

Пас аз хатми донишгоҳ, аз соли 2007 то соли 2011 ба ҳайси ассистенти кафедраи метеорологияи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДМТ) фаъолият намуда, солҳои 2012-2013 дар вазифаи ходими илмии шуъбаи «Физикаи муҳитҳои конденсӣ»-и Институти илмию тадқиқотии ДМТ кор кардааст.

Солҳои 2013-2014 ассистенти кафедраи астрономияи факултети физикаи ДМТ ба уҳда дошт.

Солҳои 2014-2017 ассистенти кафедраи метеорология ва климаталогия факултети физикаи ДМТ буд.

6 майи 2017 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Термодинамические свойства сплавов Zn55Al, Zn5Al, легированных редкоземельными металлами (Sc, Y, Ce, Pr, Nd, Eu)» дифоъ намуда, 1 ноябри соли 2017 сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика гардидааст.

Ҳамзамон, аз соли 2017 то 10 майи соли 2019 Раисии Шурои кураторони факултети физикаро ба уҳда дошт. Аз санаи 10 майи соли 2019 то имрӯз дар вазифаи муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети физика фаъолият дорад.

Санаи 31 октябри соли 2020 бо фармоиши ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дотсенти кафедраи метеорология ва климатология интихоб гардидааст.

Шарипов Ҷурабек Гулович дар доираи фаъолияти кориаш аз ҷониби садорати факултети физика бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бо ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст.

Муаллифи зиёда 29 мақолаи илмӣ, аз ҷумла як монография (Термодинамические свойства цинк-алюминиевых сплавов, легированных РЗМ), як китоби дарсӣ (Метеорологияи умумӣ) ва як дастури таълимӣ (Таъмини гидрометеорологӣ дар ҳоҷагӣ ва агрометеорология) мебошад.