Наҷибулло Лутфуллоев

ЛУТФУЛЛОЕВ Наҷибулло Аюбович – муовини декан оид ба таълим

09-уми майи соли 1990 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) (2013), ассистенти кафедраи астрономияи факултети физика. Баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси лаборанти калон, мудири лабораторияи таълимӣ ва ассистенти кафедраи астрономияи факултети физика фаъолият намудааст. Аз соли 2019 то ин ҷониб дар вазифаи мушовири академӣ (эдвайзер)-и факултети физика фаъолият карда истодааст. Аъзои Шурои олимони факултет ва аъзои ҳизби халқи-демократии Тоҷикистон мебошад. Муаллифи зиёда аз 8 мақолаи илмӣ мебошад. Бо ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултет сарфароз шудааст.