Муовини декан оид ба тарбия

Имомов Назаралӣ Раҷабович муовини декан оид ба тарбия

07 – уми январи соли 1965 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Соли 1982 мактаби миёнаи умумии №49-и ноҳияи Рӯдакӣ хатм намуда худи ҳамон сол ба ДМТ дохил шуда дар ихтисоси физикаи умумӣ дохил шудааст.

Соли 1987 Донишгоҳи милии Тоҷикистонро хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ ба воситаи роҳхат ба факултет ба ҳайси муҳандиси кафедраи физикаи ҳаста фаъолияти кориро оғоз намудааст.

Соли 1994 дар факултети физика кафедраи радиофизика таъсис дода шуд. Дар ин муддат ба вазифаи мудири лабораторияи таълимии кафедра фаъолият намудааст.

Моҳи ноябри соли 2012 ба вазифаи ассистенти кафераи радиофизика ва электроника таъин шудааст. Инчунин дар ин сол бо фармоиши ректори ДМТ ба вазифаи муовини декан оид ба тарбия таъин шуд. То ин замон ба вазифаи муовини декан оид ба тарбия фаъолият намудаистодааст. Имомов Назаралӣ Раҷабович дар доираи фаъолияти кориаш соҳиби чандин ифтихорнома ва сипосномаҳо гаштааст, ки муҳимтаринашон «Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ», «Ифтихорномаи факултети физикаи ДМТ», «Аълочии маориф ва илми ҶТ» мебошанд.

Муаллифи 6 мақолаи илмӣ мебошад.