Авази Мирзо

Авази Мирзо – муовини декан оид ба таълим

03 – юми январи соли 1990 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2008 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №77 – и шаҳри Душанберо хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултети физикаи ДМТ дар ихтисоси физикаи умумӣ дохил шудааст. Соли 2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи тахассусӣ “ физика. омӯзгори физика” хатм намудааст.

Кор ва фаъолияти собиқа:

*Солҳои 2010-2014 Омӯзгори фанни физика дар литсейи ДМТ

*Солҳои 2014-2015 Омӯзгори фанни физика ва роҳбарои Созмони талабагии литсейи ДМТ

*Солҳои 2015-2017 Мудири шуъбаи ғоибона дар коллеҷи информатика ва техникаи компютерии ш. Душанбе

*Солҳои 2017-2018 Роҳбари созмони талабагӣ ва омӯзгори фанни физикаи литсейи ДМТ *Солҳои 2018-2019 Ассистенти кафедраи усули таълими физикаи ДМТ

*Солҳои 2019 то ҳол Муовини декан оид ба таълим ва муаллими калони кафедраи усули таълими физик.

Фаъолияти Авази Мирзо дар самти илм пурсамар буда, дар мавзӯи «Экспериментальные исследования структуры и физических свойств углеродных нанокомпозитных полимерных материалов» тадқиқотҳои худро бурда, зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ дар журналҳои дохилу хориҷ ба чоп баромадааст.